Душанбе интизори раиси палатаи болоии порлумони Русия
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия ё палатаи болоии порлумони Русия бо як сафари расмии дурӯза ба Тоҷикистон меояд.
Матвиенко шоми имрӯз, 12 октябр дар раъси як ҳайат аз мақомҳои порлумонӣ ва давлатӣ вориди Душанбе хоҳад шуд. Қарор аст дар ҷараёни ин боздид раиси палатаи болоии порлумони Русия бо ҳамтои тоҷики худ – Маҳмадсаид Убайдуллоев ва дигар мақомҳои баландпоя дидору гуфтугӯ кунад.
Валентина Матвиенко ҳамчунин дар Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия, ки таҳти унвони “Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия: Неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ”, рӯзи 14 октябр баргузор мешавад, иштирок намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |