Нурсултон Назарбоев “сармо хӯрдааст”
Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон аз бемории Нурсултон Назарбоев хабар дод.
Манбаъ мегӯяд, раисиҷумҳур “сармо хӯрдааст” ва зери муроқибати табибон қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки
расонаҳои қазоқӣ навиштаанд, як рӯз қабл Нурсултон Назарбоев дар маросими қабули эътимоднома аз сафирони кишварҳои хориҷӣ ҳузур дошт.
Моҳи сипаришуда Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон бо далели дарди қафаси сина сафари худро ба Ню Йорк лағв кард. Дафтари матбуоти Отамбоев гуфт, ӯ барои идомаи табобати бемории қалб ба Маскав рафтааст.
2 сентябр бошад, хабари даргузашти Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон аз сактаи мағзӣ расонаӣ шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |