Боздошти сокини Душанбе бо 248 санги ёқут, зумрад ва сапфир
Маъмурини милиса рӯзи гузашта 10-уми октябр дар кӯчаи Шевченкои шаҳри Душанбе як сокини 49-солаи пойтахтро боздошт кардаанд, ки дар муомилоти ғайриқонунии метал ва сангҳои қимматбаҳо муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ҳангоми кофтукоб аз дастгиршуда 123 санги қимматбаҳои навъи “Зумрад” ва 20 санги навъи “Сапфир” ёфту мусодира шудаст: “Ҳангоми бозҷӯии манзили истиқоматиаш 105 адад санги навъи “Ёқут” дарёфт гардид”.
Мақомоти умури дохилӣ бо такя ба маълумотномаи Назорати давлатии иёргирӣ арзиши сангҳои мусодирашударо 84 ҳазору 10 сомонию 75 дирам арзёбӣ карданд: “Феълан аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |