Қатори мусофирбар ду нафарро зер карда, кушт

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, давоми камтар аз як шабонарӯз дар роҳи оҳани кишвар ду ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа ду нафар ҷон додаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 10-уми октябр тахминан соати 12:00 қатори мусофирбари хатсайри “Хушади-Қӯрғонтеппа”, дар километри 214-ум марди 27-солаи сокини ноҳияи Бохтарро зер намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Ин нохушӣ ҳамагӣ чанд соат баъд аз ҳалокати пиёдагарди 72-солаи дигар дар зери қатори мусофирбар рух додааст. Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ қатори мусофирбари Маскав-Душанбе 9 октябр, тахминан соати 17:30 дар километри 4621-ум сокини 72-солаи ноҳияи Рӯдакиро зер кардааст, ки дар натиҷа ҷабрдида дар беморхона ҷон додааст: "Қатор таҳти идораи ронандаи 56-сола ва ёрдамчиаш марди 31-сола, ҳангоми ҳаракат дар километри 4621 пикети №1-и истгоҳи роҳи оҳани “Айнӣ-Душанбе” сокини ноҳияи Рӯдакиро зер кардааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |