Мақоми 67-и Тоҷикистон дар рейтинги захираҳои тилло дар ҷаҳон
Ширкати “World Gold Council” рейтинги кишварҳои ҷаҳонро аз лиҳози доштани захоири тилло тартиб додааст. Тоҷикистон дар ин рейтинг зинаи 67-ро намояндагӣ мекунад.
Ба иттилои таҳлилгарони ширкати “World Gold Council” Тоҷикистон дар ихтиёри худ 12,3 тонна тилло ва 79,7 дарсади тамоми захоири тиллоии кишварро дорад.
Тибқи ин раддабандӣ аз кишварҳоии Шӯравии пешин аз ҳама бештар захоири тиллоро Русия доштааст. Захираҳои ин кишвар 1526,1 тонна гуфта мешавад ва муаллифони рейтинг онро дар мақоми 7 ҷой додаанд. Қазоқистон бо 244 тонна тилло дар ҷойи 21 қарор гирифтааст.
Мақоми кишварҳои дигарии Шӯравии пешин чунин аст: Белорус мақоми 48 (40,5 тонна), Озарбойҷон - 55 (30,2), Укроин – 57 (25,2), Латвия - 78 (6,6), Литва – 81 (5,8), Қирғизистон – 83 (4,4).
Дар зинаи аввали рейтинги “WorldGoldCouncil” ИМА нишаста, ки 8133,5 тонна тилло доштааст. Олмон бо 3378,2 тонна тилло дар ҷои ду, Италия бо 2451,8 тонна дар ҷои се ҳастанд. Фаронса (2435,8 тонна) ва Чин (1833,5 тонна) низ шомили панҷгонаи раддабандӣ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |