АКС: Пазироии гарм аз мутахассиси муҳоҷиршудаи тоҷик дар Русия
Мақомоти умури дохилии Русия ба хонаводаи Ҷамшед Маҷидов, хатмкардаи факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки аз Душанбе ба вилояти Еврейи Русия кӯч бастааст, шаҳрвандии ин кишварро тақдим намуд.
Тибқи иттилоияи ВКД-и Русия муҳоҷирати хонаводаи Маҷидов аз Душанбе ба Биробиҷон дар доираи барномаи давлатӣ сурат гирифтааст. Маҷидов қаблан дар мақомоти Тоҷикистон кор карда, дар Биробиҷон низ аллакай ҷои кор пайдо намудааст.
Ӯ дар маросими супоридани шиносномаҳои русӣ изҳор доштааст, ки барои додани маълумоти хуб ба фарзандонаш ва таъмини ҳаёти арзанда барои онҳо ба Русия кӯчидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |