Раҳбари “Парки технологӣ-инноватсионӣ”-и Кӯлоб: Агар Бек Сабур ба парки мо биёяд...
“Парки технологӣ-инноватсионӣ”-и Донишкадаи технология ва мененҷмент дар шаҳри Кӯлоб барои амалӣ намудани лоиҳаҳои саноатӣ аз Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ёрӣ хостааст.
Рустам Латипов, раҳбари ин парк дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Бег Сабурро дар минтақаи Кӯлоб ҳамчун нафаре мешиносанд, ки иншоотҳои бузурги шаҳри Кӯлобро сохта ва чанд корхонаро сарпарастӣ мекунад: “Аксари сокинони Кӯлоб медонанд, ки кадом иншоотро Бек Сабур бунёд кардааст. Ба наздикӣ санги асоси як меҳмонхонаи баландошёнаи муосир дар боғи фарҳангии шаҳр гузошта шуд, ки мегӯянд, бо сарпарастӣ ва маблағгузории Бек Сабур сохта мешавад”.
Ҷаноби Латипов афзуд, дар ҳоли ҳозир Кӯлоб на ба чунин меҳмонхонаҳои боҳашамат, балки ба корхонаҳои саноатӣ ниёз дорад: “Мо зиёда аз 17 лоиҳаи инноватсионӣ дорем, ки дар сурати маблағгузорӣ ва таъмини шароит метавонем минтақаи Кӯлобро ба пешрафтатарин шаҳри саноатӣ дар миқёсӣ ҷумҳурӣ табдил диҳем. Бо далели набудани маблағ ва шароит наметавонем лоиҳаҳои таҳиякардаи донишҷӯёну омӯзгоронро амалӣ созем”.
Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти ин ки таваҷҷуҳи Бек Сабур ба минтақаи Кӯлоб зиёд аст, аз вай мехоҳанд дар амалӣ кардани тарҳҳояшон саҳим бошад. “Яке аз ин тарҳҳо истеҳсоли винои босифат аст. Дар гузашта аз Сафорати Амрико омада санҷиш гузаронданд ва гуфтанд, дар ИМА чунин виноро то 100 доллар фурӯхтан мумкин аст. Ё масалан, оби хучро, ки мо тавлид мекунем. Дар мағозаҳо оби хучро бо сифати паст мефурӯшанд, ки ба ягон талабот ҷавобгӯ нест, аммо мо бо сифати баланд онро таҳия мекунем. Аз сабабе ки шароит ва корхона нест, ҳоло танҳо бо фармоиш кор мекунем. Дар ду моҳ ҳамагӣ 2000 шишаи нимлитраи оби хуч истеҳсол намудем. Агар Бек Сабур аз парки мо дидан намуда, барои амалӣ шудани лоиҳаҳо дастгирӣ намояд, саноати минтақаи Кӯлобро рушд медиҳем”, - таъкид намуд Рустам Латипов.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |