Бахшҳо

Оё хӯрдани савганд ниҳояти серӣ аст?

Иршод Сулаймонӣ

Баъди савганд хӯрдани вакилони Маҷлиси Намояндагон ин суол ба зеҳн меояд, ки оё хӯрдани савганд ниҳояти серӣ аст? Ин суол аз куҷо пайдо шуд?

Мардуми мо дар мавриди мансабдорон ва ҳукумат як ҳарф дорад: “Монед, ҳаминҳо хӯрданд сер карданд, дигараш меояд то мехӯраду сер мекунад, ки ҳама ҷо вайрон мешавад”. Албатта, ин гуфтаи мардум бештар ба маънои серии биологист, вале серии иҷтимоиву ахлоқиро ҳам дар назар дорад.

Эътирофи гуруснагии тасмимгирандагон ва мансабдорон аз тарафи мардум худ гувоҳи дар чӣ гуна ҷомеа ба сар бурдани мост, вале тан додани мардум ба ин ҳама ҳамоқат то куҷо сиҳат будани таркиби ҷомеаи моро бозгӯ мекунад.

Ҳоло баъди тағйироти ворида дар Қонуни Асосӣ, ки мансабдорон ҳам аз ин ба баъд ба номи Президент савганд ёд мекунанд, масъалаи садоқати вакилону мансабдорон ба мансаб ва мардум бисёр усулӣ шуд. Вале ин ҷо ҳарфи ниҳоӣ ин аст, ки оё бо хӯрдани савганд вакилону раисон сер шуданд ва дигар ба вазифа ва рисолати давлатӣ хиёнат намекунанд?

Аслан дар ҷомеаҳои солим, обод ва пешрав ниёзе ба савганд нест. Танҳо қонун ва риояти он кофист, ки муносибатҳои ҷамъиятиро танзим кунад. Содиқ мондан ва ё намондани мансабдорон ба мардуму миллати худ ба арзишҳое бастагӣ дорад, ки муҳити ҳамон ҷомеа эҳтиром мегузорад. Агар ришва гирифтанро муҳити расмӣ ба сифати як арзиши манфур намедонад, ҳазор савганд ҳам як вазир ва ё вакили ришвахорро содиқ намекунад. Масъулиятҳоеро, ки дар ҷомеаҳои бемор аз роҳи савганд бар гардани вакилону раисон бор мекунанд, дар ҷомеаҳои солим арзишҳои ахлоқӣ танзим мекунанд.

Дар ҷомеае, ки қонун барои қишри роҳбар ва мансбдор арзише надорад, ҳеч гуна савганд таъсиргузор намешавад. Ҷомеае, ки дар пушти қонун “зиндагӣ” мекунад бо ин гуна савгандҳо “савгандзадву қасамзада” мешавад. Ҳатто аз назари дини мо ҳам касоне, ки савганд мехӯранд бештарин хиёнатҳоро онҳо мекунанду бештарин дурӯғҳоро онҳо мегӯянд.

Савганде, ки вакилони мо ёд карданд ин буд: "Ҳамчун вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият, ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститусия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми нерӯ, дониш ва тарҷибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок намоям".

Мо то кунун шоҳиди ҷасорати порлумон дар кулл ва вакилон дар алоҳидагӣ нашудаем, ки тавониста бошанд ҳангоми пазируфтани қавонин ва ё додани имтиёзҳо ба баъзе ширкатҳои мармуз барои мардуме, ки аз он намояндагӣ мекунанд, вориди баҳсҳои ҷиддӣ шуда бошанд. Манфиатҳои миллат ва давлат ҳамон манфиатҳои мардуми Тоҷикистонанд ва вакилон набояд дар тасмимгириҳои миллӣ манофеи мардумро қурбони ҳокимияти иҷроия ва ё гуруҳҳои хоси сиёсиву иҷтимоӣ кунанд.

Парлумони барҳол (амалкунанда) аз ибтидо як ҳайати “гунгу лол” буд ва чандин бор ҳам аз раиси худ ихтор гирифтааст, вале ҳеч аст, ки мо шоҳиди баҳсҳои ҷидии он шуда бошем. Ҳайати пешини Порлумон низ чандон пойбандие ба манофеи мардум надошт ва дар масъалаҳои усулӣ ҳамеша манофеи мардумро қурбони манофеи доираҳои хос мекард. Ҳатто дар ин гуна маворид наметавонист (ва ҳоло ҳам наметавонад) тасмимгириҳояшонро барои мардум шарҳ бидиҳанд. Баҳси пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Чаноқ ва ҳамин тур пайдо нашудани пулғундори он аз мавридҳое буд, ки бо қонунгузории Тоҷикистон дар маврид порлумон ва вакилон муғойират дошт.

Мантиқи вуҷуди порлумон ин аст, ки бояд битавонад аз худкома шудани ҳукумати иҷроия ҷилавгирӣ кунад ва тавозуни ҳокимиятро нигоҳ дорад. Барои ҳамин ба порлумон баъзе аз салоҳиятҳои назоратиро медиҳанд. Ҳоло парлумони мо ҳеч нақши назоратие бар ҳукумати иҷроия надорад. Аслан парлумони бидуни салоҳият бар назорати ҳокимияти иҷроия чандон парлумони қобили баҳс нест. Ҳамин тур ҳазор савганд ҳам ба сифати порлумон ва кори вакилони мо таъсиргузор намешавад. Савгандхӯрӣ танҳо як маросими ифтихорӣ ва намоишӣ мешаваду халос.

Ҳамчунин савганди мансабдорон низ таъсире ба кори ҳукумат ва ё сифати мансабдорӣ дар Тоҷикистон намерасонанд. Пеш агар савганд нохӯрда ришват мегирифтанду корҳои берун аз ваколати худ мекарданд, акнун ин корҳоро савгандхӯрда мекунанд. То замоне, ки содиқ будан ба манфиатҳои миллат ва эҳтироми ирода ва манофеи мардум аз як шиор ба арзиш табдил нашавад, ҳеч гуна савганде наметавонад боиси ба иртиқои ҳокимият ва навсозии ҷомеа шавад. Ва агар ин арзиш ва эҳтироми он барои мансабдорони мо як асл ва усули кор намегардад, савганд хӯрдани онҳо ниҳояти серӣ нест ва он таъбири мардумӣ ҳам пояи мантиқӣ дошта наметавонад. Ҳоло баъди савганд ёд кардан вакилону мансабдорони мо айнан тавре амал мекунанд, ки ҳаким Фирдавсӣ 1000 сол пеш гуфта буд:

Кунун ҳар чи гӯямаш ҷуз он кунад,
На савганд донаду на паймон кунад.
Мӯҳр
Саломат бошед Иршоди арчманд! Кам нашавед!

Ман чавон, 48 солаам. Навишти Иршод Сулаймонйро дастгирй менамоям. Намедонам дар чомеай мо шахсонй то чилу панч сола даркоранд. Дигархо аз чилу панч то шасту се синни нафака чи кор мекарда бошанд. Мехнаташон чи мешуда бошад.... ин худаш чизе. Онхо айни буваашонба мерафта бошанд....

Мухочир
Пирони дехаи мо мегуянд:"бачара(чавонакро) кор фармою аз пасаш шав", яъне аз пасаш назора кун ки халтур накунад.
Хукумати РТ-ро хам курси медиханд, кор медиханду бо савганду конфетхои масхарад алла мекунанд,ки кор кунад. Охир вакте вазифара додан дигар шумо назди мардум , миллат, давлат чавобгар, бояд кор кунед ,вассалом.Холо бади савганд хам кор накунед дигар магар пеши поятон сар занем? Хестед ки хобед!

Ин харфи "гушнаги" низ мисли хамон гуфтаи Елбасы тахкири миллат аст. У гуфта буд, ки дар тули солхои хукмронияш нафаре пайдо накард, ки сазовори президентшави дар Казокистон бошад. Ин гуфта низ чунин маъно дорад, ки мо як миллати саросар гушнаю чашмносерем, дар холе, ки рохбарони гузаштаи на чандон дури мо бо як чуфт либос хукумат кардаанд ва хеч касру кушке барои худ бино накардаанд!

Офарин ба гайрататон. Акаи Иршод вокеияти сиесиро гуфтед. Худованд нигахбонатон бошад.

А
Ин ъавом фиребист

Беном
ба Иршод Сулаймони: мухтарам Иршод Сулаймони аз ин кадар шаф-шаф кардана кани ягон кашфиётхои нав пешниход кун. Хама ободи сари маблаг меравад............................................ илтимос гапхои бехудаатро бас карда ба ягон идеияи нави илми гузар, ки он ягон рохи пешрави ба мардум нишон дихад.

Ватандӯст
-Рости гап ман гоҳ гоҳ баромадҳои Иршод Сулаймониро дар шабакаҳои интернетӣ мутоила менамояму дар назарам муаллиф як одами хеле ҷавону дунёбехабар менамуд ва боз гоҳ гоҳ ба ин шубҳа ҳам доштам. Лекин баъди хондани ин баромадаш бе ягон шубҳа алаккай хулоса карда метавонам, ки ин ҷавон ҳақиқатан ҳам дунёбехабар будааст. Маълум аст ки ин ҷавони худнамо аз кори Парлумон ва вакилон хабаре надорад, ба гумон аст ки ягон бор вориди Парлумон шуда бошад. Барои баҳо додан ба кори Парлумон ва вакилон ба ин ҷавон бо ҳамин донишу таҷрибааш камаш 15-20 соли дигар даркор.

гулинг
агар рохи пулаки аз байн бардошта шудаву Агроинвестбонку Точпромбонк имкони аз Бонки милли пули точики гирифтанро пайдо кунанду бархам нахуранд ва ба чой1и онхо ягон бонки Сарвар ё пешвар наояд, значить савганд хурии вакилон мантикист. Вале боз хам инсон барои боварии дигаронро сохиб шуданаш бояд ба азизтарин каси худ касам хурад кишлоки карда гуем ба очаш зану падару дигар пайвандонаш касам хуранд, на ба арзишхое ки онро нодида мегиранд. Мисол ман метавонам чунин касам хурам, Очаи хамсояи фалониро садка ки ман аз ичрои ин ё он кор мебароям

Солех
Дар хакикат нах задан осон аст. Ин Иршод чизи хуб надорад, вале танкид мекунад, ки инро хама метавонад. Хуб мебуд агар барои пешрафти кор бидуни савганд ягон пешниход мекард, олам гулистон мешуд...

Devona
Ватандӯст,
Harfhoi ba hudat chasponro ba digaron nachaspon!!! Agar fikr kuni ki mardum-halk gusfandand hato mekuni! Ba kuru karu gung ham rushan,ki in savgandhuriho kujo mebarad.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)