Тавсияҳои Кумитаи забон: Аз бознашри Фарҳанг то таълими забонҳои помирӣ ва ҷалби прокуратура
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузор кардани конфронсе ба ифтихори Рӯзи забон шуморе аз тавсияҳои ин конфронсро таҳия кардааст, ки бознашр намудани «Фарҳанги забони тоҷикӣ»-и нашри соли 1969-и Маскав ва таълими забонҳои помирӣ ва яғнобӣ барои соҳибзабонон низ дар ин тасияҳо ворид шудааст.
Кумитаи забон далели бознашр шудани «Фарҳанги забони тоҷикӣ»-и нашри соли 1969-ро “ниёзи соҳибзабонон” дониста, барои чопи он Институти забон адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳоро масъул хондааст.
Дар ин тавсияҳо ҳамчунин омадааст, ки “тавсеа намудани таҳқиқу омӯзиши забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ ва ба роҳ мондани таълими ин забонҳо ба соҳибзабонони ин минтақаҳо” роҳандозӣ шавад.
Ҳамчунин дар ин тавсияҳо омадааст, ки дар факултаҳои филологӣ ва ғайрифилологии мактабҳои олии кишвар ва филиали мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон соатҳои таълимии забони тоҷикӣ зиёд карда шавад.
Дар тавсияномаҳои конфронси «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон», ба вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ чунин тавсия низ пешниҳод шудаанд: Дуруст ба роҳ мондани омӯзиши забони тоҷикӣ дар ҳама марказҳои забономӯзӣ; омода намудани мутахассисони соҳавии ба талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир дар самти истилоҳнигорӣ, фарҳангнигорӣ (бахусус фарҳангнигории электронӣ), решашиносӣ ва забоншиносии компютерӣ; таҳия намудани китобу дастурҳои таълимии забони тоҷикӣ аз рӯйи дараҷаҳои омӯзиш; ба роҳ мондани диктанти хаттӣ (ё кори хаттии дигар) пеш аз имтиҳонҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар; тибқи соҳаҳо ба роҳ мондани таълими забони тоҷикӣ дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар.
Тибқи ин тавсияҳо Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм Прокуратураи генералӣ ва дигар ниҳодҳо масъул шудаанд, ки барои боло бурдани ҷойгоҳи забон талошҳои бештар кунанд. Аз ҷумла дастрас намудани китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ барои гурӯҳҳои тоҷикии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварҳои ҳамсоя, таъсис ва густариши марказҳои омӯзиши фарҳанг ва забон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоид дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҷиҳати омӯзиши забони тоҷикӣ, эҳёи номҳои таърихии ҷуғрофӣ ва роҳи дурусти ивази номҳои маҳалҳои аҳолинишин ва навбунёд, назорати забони ВАО дар ҷумҳурӣ аз шумули ин тавсияҳоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |