Манбаъ афзуд, дар поёни нишаст пас аз баргузории семинари «Механизмҳои тафтиши ҷиноятҳои марбут ба нашъа», ки аз ҷониби раёсати ҳамкориҳои байналмилалии политсияи сафорати Фаронса дар Тоҷикистон баргузор гардид, сертификат ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Семинари мазкур барои такмили ихтисоси кормандони АНМН дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар равона шуда буд. Дарсҳо барои кормандони агентӣ аз ҷониби таҳлилгарон аз бригада оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири назди Префектураи политсияи шаҳри Париж гузаронида шуд. Дар доираи семинар 20 нафар кормандон гузаронидани чорабиниҳои гуногуни техникӣ ва фаврии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъоварро омӯхтанд, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳо дар ҷараёни баргузории чорабиниҳо низ коркард шуданд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |