“ФСБ” сафари марди бекори тоҷик аз Сибир ба Сурияро пешгирӣ кардааст
Кормандони Идораи федеролии амният (ФСБ) дар вилояти Новосибирск як шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистонро ҳангоми парвоз ба Туркия боздошт кардаанд.
Торнамои “Лайф” навиштааст нафари боздоштшуда қасди пайвастан ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ”-ро доштааст. Манбаъ бо такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои қудратӣ афзудааст: “Ин мард тобистон дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Новосибирск зиндагӣ мекард ва бо намояндаҳои “Давлати Исломӣ” аз тариқи телефони ҳамроҳ суҳбат мекард”.
Гумонбар ҳадафи иштирок кардан дар фаъолияти гуруҳи террористиро доштааст. Тибқи иттилои манбаъ ин шаҳрванди Тоҷикистонро бояд дар Истонбул пешвоз мегирифтанд ва барои расидан ба Сурия кумак мекарданд. Гуфт шудааст, ки ӯ қаблан маҳкумияти додгоҳӣ надошта ва феълан бекор будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |