Сергей Зайтсев, ноиби прокурори генералии Русия айбнома алайҳи Маҳмадалӣ Аҳмадов, зодаи 23-солаи Тоҷикистон ва се шаҳрванди озаритабори Русияро барои қатли сардори пулиси ноҳияи Сизран ва 5 узви оилааш тасдиқ намудааст.
Тибқи иттилоияи расмии додситонии кулли Русия парванда алайҳи Маҳмадалӣ Аҳмадов, Роман Фаталиев, Ислом Бобоев, Охран Зохрабов бо иттиҳоми роҳзанӣ, куштор ва қасди куштор барои баррасӣ ба суди вилояти Самара ирсол шуд.
Мақомоти Русия Аҳмадовро, ки аз сесолагияш дар ноҳияи Сизрани Самара иқомат дорад, ҳамроҳи се шарики дигари озарияш дар қатли полковник Андрей Гошт ва 5 узви хонаводааш муттаҳам мекунанд. Андрей Гошт собиқ сардори пулиси Сизран ва ноиби сардори ситоди марказии ВКД-и вилояти Самара будааст.
Додситонии кулли Русия мегӯяд, “бар асоси тафтишот шаби 23 ба 24-уми апрели соли равон, Фаталиев, Бобоев, Аҳмадов ва Зохрабов ба хонаи рақами 58-и деҳаи Ивашевкаи ноҳияи Сизран ворид шуда, бо калтакҳо Андрей Гошт, волидон, ҳамсар, ҳамсари бародар ва бародарзодаашро ба қатл расондаанд. Инчунин қасди қатли бародарзодаи дигар-Софя Гошти 7-соларо кардаанд, аммо ӯ зинда монда, бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шуда буд. Софя 25-уми май аз беморхона мураххас шуд”.