Вокуниши созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ ба ҳукми Ёров ва Маҳкамов
Созмонҳои Дидбони ҳуқуқи башар, Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна ҳукми додгоҳ нисбати вакилони дифоъ Бузугрмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро дорои “ангезаи сиёӣ ва зарба ба озодии баёну истиқлоли адвокатура” хондаанд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе дирӯз, 6 сентябр Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро мутаносибан 23 ва 21 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр кард.
Дар изҳороти ин се созмон, ки имрӯз, 7 октябр дар шаҳри Бишкек нашр шудааст, гуфта мешавад вакилони мудофеъ бояд дар зудтарин фурсат озод шаванд ва мақомот бояд истиқлоли кори вакилонро кафолат диҳад: “Ҳукми Ёров ва Маҳкамов бештар шудани саркӯби бесобиқаи мухолифон бо шумули вакилони мудофеъ дар кишвар мебошад. Мақомот аз соли 2014 ба ин сӯ чанд вакили мудофеъро барои тамоюл доштан ба парвандаҳои ҳассоси сиёсӣ боздошт ва зиндонӣ мекарданд. Вакилони мудофеъи дигар таҳдид ба марг шуданд”.
Стив Свердлов, пажуҳишгари Дидбони ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна дар ин изҳорот гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон бо ин таъқиби қонунӣ талош доранд садои ин ду вакили мудофеи фаъолро хомӯш кунанд. Ба гуфтаи Надежда Атаева, раҳбари Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна, “Душанбе бо зиндонӣ кардани ин ду вакили мудофеъ ҳушдори рушан медиҳад, ки вакилон аз парвандаҳои ҳассоси сиёсӣ дур бошанд”.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ дар гузашта ҳам бо нашри изҳоротҳо хостори раҳоии бидуни шарти Бузургмеҳр Ёров ва нуриддин Маҳкамов шуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |