Эълони ҳукми Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов (ВИДЕО)
Додгоҳи шаҳри Душанбе имрӯз, 6 октябр ҳукми адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро эълон кард.
Бар асоси ҳукми додгоҳ Бузургмеҳр Ёров 23 сол равонаи зиндони низомаш пӯрзур шуда, амволи ӯ комилан мусодира мешавад. Ҳамчунин, баъди раҳойӣ 5 сол аз ҳаққи кор дар ташкилоту идораҳо маҳрум мегардад.
Додгоҳ Нуриддин Маҳкамовро 21 сол аз озодӣ маҳрум намуда, эълон кард, ин муҳлатро дар маҳбаси низомаш пурзӯр пушти сар мекунад. Ба гуфтаи додгоҳ, аз ин ҳукм давоми 10 шабонарӯз метавонанд шикоят баранд.
Наздикони ин ду адвокати маҳкумшуда ҳукми додгоҳро ноодилона хонда, изҳор доштанд, аз болои он шикоят мебаранд. Ёров ва Маҳкамов ҳангоми ироаи сухани охири худ дар додгоҳ худро бегуноҳ хонда буданд.
19 сентябр Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси парванда хоста буд, Бузургмеҳр Ёровро 25 сол равонаи зиндон кунад. Тақдирзода аз додрас хост, молу амволи Бузургмеҳр Ёров бо шумули манзил, мошин ва мағозаи ӯ мусодира шавад. Ёров бар пояи бандҳои 189 қисми 2 банди “г”, 247 қисми 2, 307 қисми 2, 307 қисми 1, 340 қисми 2, бандҳои “а”, “б”, “в” айбдор мешавад.
Айбдоркунандаи давлатӣ барои адвокати дигари боздоштшуда Нуриддин Маҳкамов, ки бо моддаҳои 189, қисми 2 банги “г”, 247 қисми 4 банди “б”, 307 қисми 2 банди “г” ва 307 қисми 1 муттаҳам мешавад, 23 соли зиндон талаб карда буд. Ӯ хост, Ёров ва Маҳкамов ба зиндони низомаш пурзӯр фиристода шаванд.
Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябр ва Нуридин Маҳкамов моҳи октябри соли 2015 боздошт шуданд. Боздошти Ёров дар ҳоле сурат гирифт, ки эълон кард, Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро таъсис медиҳад.
ВОКУНИШИ НАЗДИКОНИ ИН ДУ АДВОКАТИ МАҲКУМШУДА ВА ВАКИЛИ ДИФОИ ОНҲОРО ИНҶО БУБИНЕД:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |