Иттифоқи Тоҷикматлубот барои хариду фурӯш ва захира намудани маҳсулоти гуногун тайи се моҳи авали соли равон
бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар ширкатҳо ҳудуди 243 шартнома бастааст, ки ҳаҷми умумии ин маҳсулот беш аз 15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Сироҷиддин Валиев, сарвари ин ниҳод дар ҳузури хабарнигорон гуфт, 76 адад хоҷагиҳои ёрирасони соҳа дар майдони 481 гектар замин зироатҳои кишоварзӣ кишт гузаронида, то имрӯз 6 тонна маҳсулот истеҳсол кардаанд. Бино ба қавли ӯ, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ барои васеъ намудани майдонҳои кишт 173 гектар замин, аз ҷумла 86 гектар ба таври иҷора ҷудо карда шудааст.
Мӯҳр