Таҳияи стратегияи дифоъ аз ҳуқуқҳои Доро Суҳробӣ
Қазияи латту кӯби рӯзноманигори Маркази тадқиқоти журналистӣ зери назорати созмонҳои хабарнигорӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад. Ин нукта дар ҳамоиши Шабакаи ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорон оид ба тадқиқоти журналистӣ ва намояндаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милиса таъкид шуд.
Дар ҳамоиши мазкур, ки имрӯз, 6 октябр дар Душанбе сурат пазируфт, таъкид гардид, ки стратегияи дифоъ аз ҳуқуқҳои Доро Суҳробӣ, хабарнигори латту кӯбшудаи тоҷик таҳия гардидааст. Иштирокдорони ҳамоиш гуфтанд, талош мекунанд ба ин масъала аз роҳи қонун расидагӣ шавад ва омилони латту кӯби хабарнигор муҷозот шаванд.
Доро Суҳробӣ қаблан дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, 18 сентябр барои инъикоси корҳои роҳсозӣ ва савдои кӯчагӣ ба назди бозори "Гипрозем" рафта, мавриди латту кӯби кормандони милиса қарор гирифт. Ба гуфтаи ӯ, “шоҳид шудам, ки зани тахминан 55-солаи обфурӯш бо марде дар либоси мулкӣ муноқиша карда, даъво дошт, ки “дирӯз ман 100 сомонӣ дода будам, ҳар рӯз пул аз куҷо аст, ки ба шумо диҳам. Шумо модар надоред, о, ҳама дар қади кӯча савдо доранд-ку? Чаро дигарҳоро намебинӣ, фақат ба ман часпидӣ".
Журналисти ҷавон гуфт, вақте хост асли қазия ва сабаби вайрон шудани тартиботи ҷамъиятиро фаҳмад, он мард дар либоси мулкӣ изҳор доштааст, ки "ту қонундон боз аз куҷо пайдо шудӣ, суратамонро мегирӣ?" гӯён суратгираки журналистро гирифта, флешкаашро шикастаст: “Баъд ба низомипӯш фармуду маро ба шуъбаи корҳои дохилӣ дар маҳаллаи Гипрозем бурданд. Марде, ки либоси мулкӣ дошт, маро то беҳуш шуданам кӯфт. Нафарони дигар, ки ҳамроҳаш буданд, монеи кори ӯ нашуданд. Баъдан аз якеаш фаҳмидам, ки сардорашон будаст”.
Суҳробӣ гуфт, ҳудуди 40 дақиқа дар идораи пулис мондааст ва афзуд тайи ин муддат, даст, рӯй ва сараш лат хӯрдаанд.
Ба дунбол Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, таҳқиқи қазия шурӯъ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |