Буйнов ба тоҷике, ки сагашро пайдо кард: Тоҷикон бузурганд
Александр Буйнов, овозхони маъруфи рус мегӯяд, саги гумшудаи ӯро муҳоҷири тоҷике бо номи Акбар пайдо кардааст.
Ин ҳунарманди Русия 5 сентябр дар саҳифаи расмии “Инстаграм”-аш навишааст, саги 15-солаи ӯ ҳангоми сайругашти шабона аз дасти хизматгор гурехтааст: “Дар зери борон то соати 2-и шаб кофтам. Ноумед ба як қаҳвахона сар задам ва ҷавоне гуфт шумораи телефонатро бидеҳ. Дар сурати пайдо кардан занг мезанам”.
Буйнов менависад, соати 4:30 ба ӯ занг задаанд: “Зоҳиран саги шумо пайдо шуд. Монанди сарбоз аз рахти хоб ҷаҳидам. Расидам. Ҷавони тоҷик сагамро дар курткааш печондааст. Мегӯяд, сармо хурдааст. Офарин ҷавони тоҷик”.
Александр Буйнов бо изҳори ташаккур аз Акбар навиштааст: “Ӯ саги маро барои пул накофт ва гирифтан ҳам нахост. Акбар, яъне бузург. Ташаккур! Тоҷикон ҳамин гунаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |