Исми дабири кулли СММ муайян шудааст
Антониу Гутерреш, сарвазири пешини Партугалия дабири кулли Созмони миллали муттаҳид интихоб шуд. Дар ин бора хабаргузориҳои байналмилалӣ иттилоъ додаанд.
Бар асоси иттилои Reuters, дар шашумин раъйдиҳии пешакӣ ҳеч кишвари муқобили Гутерреш раъй надодааст.
Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ ба расонаҳои русӣ гуфтааст, “баъди шашумин даври раъйдиҳӣ мо ғолиби мушаххасро дорем”. Ба гуфтаи Чуркин, имрӯз соати 10:00 (вақти Ню-Йорк) раъйдиҳии расмӣ сурат мегирад ва ӯ умед баста, ки “натоиҷи муқаддамотӣ таъйид мешаванд”.
Гутерреши 67-сола солҳои 1992-2002 дар симмати котиби генералии Ҳизби сотсиалистии Португалия ва сарвазири ин кишвар кор кардааст. Аз соли 2005 дар вазифаи комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон фаъолият мекард.
Гутерреш дар ин мақом Пан Ги Мунро иваз хоҳад кард. Муҳлати Пан Ги Мун, ки аз соли 2007 дар ин курсӣ нишастааст, моҳи январ поён меёбад.
Дабири кулли СММ барои 5 сол таъин мешавад, аммо имкони барои як муҳлати дигар интихоб шудани ӯ мавҷуд аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |