(АКС) Тоҷикистон-Фаластин: 3:3
Дидори дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистону Фаластин мусовӣ анҷом ёфт.
Дар ин бозӣ, ки шоми рӯзи 5 октябр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе шурӯъ шуд, 3:3 хотима ёфт. Голҳоро Нуриддин Давронов (дақиқаи 22 тариқи пеналтӣ), Ҷонатан Зорилла (52, тариқи пеналтӣ), Тамер Сеям (57), Давронҷон Эргашев (60), Аҳмад Абунахи (69) ва Парвизҷон Умарбоев (90+3) ба самар расонданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ба ҳайати даста 23 бозигарро даъват кардааст, ки миёни онҳо ҳафт легионер - Абдуазиз Маҳкамов (“Олой”, Қирғизистон), Фарҳод Восиев (“Оренбург”, Русия), Давронҷон Эргашев (“Тараз”, Қазоқистон), Искандар Ҷалилов, Нуриддин Давронов (“Дунав”, Булғористон), Парвизҷон Умарбоев (“Локомотив”, Пловдив, Булғористон) ва Ҷаҳонгир Эргашев (“Динамо”, Брести Беларус) ҳастанд.
Ин бозии байналмилалии дӯстонаро Денис Измайлови 39-сола, довари ФИФА аз Қазоқистон доварӣ кард.
Ин дувумин дидори дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Фаластин ба ҳисоб меравад. Бозии аввали ду тим 6 сентябри соли равон дар Варзишгоҳи байналмилалии “Дура”-и шаҳри Ҳеврон баргузор ва 1:1 хотима ёфта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |