Тасвиби созишнома барои истирдоди маҳбусони тоҷик аз Аморот
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 5-уми октябр созишнома бо Амороти Муттаҳидаи Арабро барои истирдоди маҳкумшудаҳо ба имзо расонд.
Муҳаммадиброҳим Осимзода, муовини додситони кулли Тоҷикистон ҳангоми муаррифии лоиҳа дар ҷаласаи парлумон гуфт, “созишномаи мазкур моҳи марти соли равон зимни сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай ба имзо расида, ҳадафаш овардани маҳкумшудагон аз маҳбасҳои Аморот ба Тоҷикистон аст”.
Осимзода афзуд, созишномаи мазкур ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маҳбасҳои Аморот нигоҳ дошта мешаванд, нигаронида шудааст.
Дар баробари ин миёни Тоҷикистону Аморот созишномаи байнидавлатӣ оид ба эктрадитсия ва созишномаи байнидавлатӣ дар хусуси расонидани кумаки мутақобила оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ вуҷуд доранд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар фаъолияти худ аз онҳо истифода менамоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |