Суҳбати телефонии Путину Э.Раҳмон: Зодрӯз муборак!
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия имрӯз, 5-уми октябр сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо 64-умин солгарди мавлудаш табрик намуда, ба ӯ таманниёти самимию некашро иброз доштааст.
Манбаъ афзуд, сарони ду давлат инчунин доираи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро дар қолаби шарикии стратегӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд: “Дар ин иртибот сарони ду давлати дӯст ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, зарурати минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъйю талошҳои ҷонибҳоро дар ин самт таъкид намуданд”.
Суҳбати Путин бо Эмомалӣ Раҳмон як рӯз баъд аз сафари амниятиҳои аршади Русия, аз ҷумла Николай Патрушев, дабири Шӯроои амнияти ин кишвар ба Тоҷикистон, сурат гирифт. Тоҷикистону Русия дар пасманзари фаъолшавии Толибону ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон таҳкими ҳифзи марз ва мубориза бо терроризму ифротгароиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |