Боздоши 4 узви ҲИУ дар Бадахшони Афғонистон: Қасди анҷоми амалиёти интиҳорӣ доштаанд
Мақомоти амниятии Афғонистон аз боздошти панҷ узви Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) дар вилояти Бадахшони ин кишвар хабар медиҳанд. Ба иттилои манбаъ, миёни боздоштшудаҳо як табааи Қазоқистон ҳам будааст.
Дафтари матбуоти Раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшони Афғонистон аз дастгиршудаҳо Нуриддин Ниёз (шаҳрванди Қазоқистон), Иззатуллоҳ Алӣ (бошанди вилояти Қундуз), Ширмуҳаммад Афзал (бошандаи вулусволии Имомсоҳиб), Азизҳомид Аҳмад (бошандаи вулусволии Имомсоҳиб) ва Ҳидоятуллоҳ Бозмуҳаммад (бошандаи вилояти Бадахшон) ном бурдааст. Ба иттилои манбаъ, аз онҳо маводи тарканда ва муҳимоти ҷангӣ мусодира шудааст.
Ин ниҳод боздошшудаҳоро ба шабакаи террористии Қорӣ Умар, вобаста ба Ҳаракати исломии Узбакистон рабт додааст. Афроди боздоштшуда аз Вазиристон, шимоли Покистон вориди Афғонистон шуда, қасд доштаанд, ки дар қисматҳои шимоли Афғонистон амалиёи интиҳорӣ анҷом диҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |