Ин нуктаро масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар натиҷаи таҳлили бозори озуқавории кишвар дар моҳи ноябр муайян кардаанд.Тавре аз ин вазоратхона ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, аз санаи 20–уми октябр то санаи 20–уми ноябри соли ҷорӣ дар кишвар нархи картошка, пиёз, сабзӣ, бодиринг ва помидор боло рафтааст. Аз ҷумла дар пойтахт давоми як моҳи охир, нархи картошка 11,4 фойиз қиммат шуда, ба ҳисоби миёна 1,95 сомониро ташкил медиҳад. Нархи сабзӣ аз санаи 20 –уми моҳи гузашта, то 20 –уми моҳи ҷорӣ 20,3 фойиз афзоиш ёфта, айни ҳол як килои он ба ивази 1,9 сомонӣ фурӯхта мешавад.Нархи як кило пиёз ҳам ба ҳисоби миёна 1,9 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондоди як моҳ пеш 2,7 фойиз қимматтар аст.
Манбаъ афзуд, ҷаҳиши нисбатан назаррас дар нархи бодирингу помидор ба қайд гирифта шудааст, ки бодиринг тайи як моҳ 81,8 фойиз қиммат шуда, ба 6 сомонӣ баробар гардидаст. Нархи помидор бошад якбора 104,2 фоиз зиёд гардида, айни ҳол дар бозорҳои пойтахт ба ҳисоби миёна 6,2 сомонӣ нарх дорад.Фурӯшандагони ин навъи маҳсулот сабаби болоравии нархро гузаштани мавсими баъзеи онҳо номида, омили асосиро афзоиши нархи сӯзишворӣ ва мувофиқан хароҷоти интиқоли ин маҳсулотро ба бозор арзёбӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъкид мекунанд, ки нархи гӯшт, тухм, орд, биринҷ, чой, шакар ва дигар намуди маводи озуқаворӣ тайи ду–се моҳи охир мӯътадил боқӣ монда, бархе онҳо майли арзоншавӣ доранд.
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |