Гузориши аксӣ аз ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчам дар Кӯлоб
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5-уми октябр дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон нишони давлатӣ дар пояи баландияш 27,7 метр насб шудаст, ки аз ин андоза 5 метр таҳкурсии мармарпӯш мебошад: “Фармоишгар ва маблағгузори иншоот Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб мебошад. Пояи асосӣ ва таҳкурсию сутунҳои даромадгоҳи майдони Нишони давлатӣ аз ҷониби ҶДММ "Фаридун" сохта шудааст”.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатиро, ки дар пояи баландияш 52,5 метр барафрохта шудааст, ифтитоҳ намуд: “Парчами давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб бо фармоиш ва маблағгузории ҶСК "Ориёнбонк" бунёд гардида аз матоъи андозаи 14 ба 7 метр омода ва дар пояи аз металли махсус сохташуда насб гардидааст”.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон пояи асосии парчам дар назди панҷ сутуни мармарини бузург ҷойгир аст, ки шакли меъмории қадимиро таҷассум менамоянд: “Таҳкурсии пояи Парчами миллӣ низ рӯйпуш бо мармар буда 2 метр баландӣ дорад ва дар шакли ду чоркунҷаи руйи ҳам бунёд шудааст. Аз ду канори даромадгоҳи асосии майдони Парчами давлатӣ бо намои санъати волои меъморӣ ду муҷассамаи шерони болдор қомат афрохтааст, ки рамзи шоҳони Хатлонзаминро таҷассум менамоянд. Баландии муҷассамаҳои шерони болдор бо таҳсутунҳо 3 метрро ташкил медиҳанд. Муҷассамаҳои шерони болдор аз ҷониби Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва Аъзои иттифоқи рассомон Шамсиддин Одинамадов эҷод ва бо маҳорати хоса оро дода шудааст”.
Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои сохтмонии он изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулони дахлдорро барои пайваста дар ҳолати ободу зебо нигоҳ доштани ин макони тозабунёд вазифадор намудаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |