Перузаи қазоқ: Муҳаббати ману Амир самимӣ аст
Перуза Аябова, як зодаи Қазоқистон 30 сол аст, ки муқими Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, инҷо ягон хешу табор надорад ва шавҳар барояш ҳам марди хона ва ҳам хешу табор маҳсуб мешавад.
Перуза 51 сол дошта, ҳамроҳи ҳамсараш -- Амир Файзов дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Онҳо соли 1986 дар Мичурини Қазоқистон хонадор шуда, баъдан ба Тоҷикистон омадаанд. Як сол пас, дар пайи ҳодисаи Чернобил Амир Файзовро ба Украина мебаранд. Перуза мегӯяд: “Баъди шаш моҳ хушбахтона шавҳарам баргашт, аммо мо соҳиби фарзанд нашудем”.
Ин оила далели соҳиби фарзанд нашуданро дар таъсири садамаи Чернобил медонанд. “Бефарзандӣ сабаби ҷудошавии оилаи мо нашуд, зеро муҳаббати мо самимӣ ҳаст. Ман ҳамеша ба ҷавонон насиҳат мекунам, ки дар гирифтани тасмимҳо саросема нашаванд. Муносибати ҳамсояҳо бо ман хеле хуб аст. Ҳангоми ягон маърака онҳо духтаронашонро мефиристанд, то ба мо кумак расонанд”,-афзуд Перуза Аябова.
Ин хонавода дар Фархор ба деҳқонӣ ва чорводорӣ машғул аст ва зиндагии худро аз ҳамин ҳисоб мечархонад. Амир Файзов мегӯяд, ҳарчанд “бо айби” ӯ фарзандор нашуданд, аммо боре ин мавзӯъ дар миён набуд: “Ин занро барои сабру тоқаташбисёртар ҳурмат мекунам. Бо ҳамсари худ мефахрам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |