Эмомалӣ Раҳмон: Рӯзи забон падидаи таърихии замони истиқлол аст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи як паёми табрикии телевизионӣ ба ифтихори Рӯзи забон, ки дар Тоҷикистон чанд соли ахир 5 октябр таҷлил мешавад, забони давлатиро муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсӣ хонд.
То чанд соли пеш, Рӯзи забон дар Тоҷикистон 22 июл, мусодиф ба қабули қонун дар бораи забон аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, таҷлил мегардид. Аммо Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи забони давлатиро яке аз падидаҳои таърихии замони истиқлол номид. Ӯ гуфт, “маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад”.
Президенти Тоҷикистон дар идома таъкид кард, дар даврони истиқлоли давлатӣ забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.
Дар паёми табрикии худ Эмомалӣ Раҳмон ба тозаву ғанӣ гардондани таркиби луғавии забон даъват кард. Дар ин замина аз нақши муассири расонаҳо ёдрас шуд ва ва таъкид намуд, дар ин кор саҳми воситаҳои ахбори омма бояд назаррас бошад ва масъулони он ба покизагии забон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро воситаҳои ахбори омма оинаи пурҷилои забони миллӣ маҳсуб меёбанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |