Дуои Президент барои осудагии мардум дар оромгоҳи Ҳамадонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб имрӯз, 4-уми октябр оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон “барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми кишвар, ободии ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек” намудааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, “пеш аз истиқлолияти давлатӣ ба шахсият ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як гуруҳи хурди олимон ва донишмандон шиносоӣ доштанд, аммо баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вирди забони хурду бузург шуда, мақому мартабааш шуҳрати арзандаву сазовор пайдо кард”.
Раисҷумҳури Тоҷикистон инчунин мактаби рақами 34-и ҷамоати деҳоти “Даҳана”-и шаҳри Кӯлобро, ки бо харҷи 2 миллиону 398 ҳазор сомонӣ барои 624 нафар сохта шудааст, ба истифода додааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар маркази хизматрасонии “Роҳи абрешим”- ро низ ба истифода додаст, аз ҷониби соҳибкор Табаралӣ Амрохонов бунёд гардидааст: “Маркази “Роҳи абрешим” дар шафати роҳи байналмилалии мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма” бо маблағи 2 миллион сомонӣ қомат афрохта, дорои мағозаи фуруши шабонарӯзӣ, қаҳвахона ва тарабхона бо 150 ҷойи нишаст мебошад ва бо санъати баланди меъморӣ сохта шудааст”. Афзун бар ин раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб шинос шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |