Назарияи “тарбуз” дар ҳукуматдорӣ
Иршод СУЛАЙМОНӢ
Аслан ин назария як назарияи илмӣ ва эмпирикӣ нест. Балки сифате аз ҳукуматҳо ва ҳукуматдориҳоест, ки бо номи ҳукуматҳои намоишӣ ё косметикӣ дар сиёсатшиносии амалӣ ёд мешаванд. Ин ибораи худдаровардӣ аст.
Дар сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ҳукуматҳоеро, ки корҳои решаӣ неву, корҳои салиқаӣ мекунанд, ҳукуматҳои намоишиву намоишкор ва ё ба истилоҳ маъмул ҳукуматҳои косметикӣ меноманд. Ин ҳукуматҳо ба масоили муҳими давлатӣ ва миллӣ бештар бархурдҳои иедоложик, ҷиноҳӣ ва сиёсӣ доранд. Дар асл ин гуна ҳукуматҳо гирифтори ҳазор мушкил ва буҳронҳои амиқе ҳастанд, вале аз роҳҳои василаҳои таблиғот ва идеоложик корҳо ва амалкардҳоеро ба мардум ва ҷомеа пешниҳод мекунанд, ки нишон медиҳад ин ҳукуматҳо пуркор ҳастанд. Вале бо вуҷуди будани солҳои зиёд дар ҳарими қудрат ба пешрафтҳои қобили мулоҳизае даст намеёбанд ва саранҷом поёни ҳукуматдорияшон норӯшану хатарзост. Дар ин гуна ҳукуматҳо тамоми талоши мумкин анҷом мешавад, ки нишон бидиҳанд, “ҳама кор садай”, вале дар воқеият ин гуна ҳукуматҳо аз буҳронҳо ва мушкилоти дохилии худ ҳамеша ранҷ мебаранд. Ин гуна ҳукуматҳо мисли тарбузанд. Дар зоҳир сабзу хушоянд, вале дар дарун сурху пурхун. Ва таъбири “назарияи тарбуз” ҳам таъбири мандаровардӣ аст. Ин таъбирро ҳам аз афсӯсномаҳои ҳаҷвнигори шаҳиди ҷанги бародаркуш Амиршо Ибронов пайдо кардам. Замоне ҳафтаномаи “Одаму олам” аз пайдо шудани дафтари хотироти танзгари шаҳир хабар дода, баъзе аз пораҳои хотироти ӯро низ нашр намуда буд. Дар яке аз гуфтаҳои он танзгари шаҳир мехондем: “Ман мисли тарбузам. Аз берун сабзу дар дарун сурху пурхун...”
Дар тӯли таърих ин гуна ҳукуматҳо талош кардаанд, ки ҳамеша корҳои намоишиву салиқаӣ анҷом бидиҳанд ва бо ин гуна корҳо эътимоди мардумро ба даст биоваранд. Дар ин гуна кишварҳо дар баробари “косметика”-и ҳукумат низомҳо бештар хосияти диктотурӣ пайдо мекунанд ва тамоми ҷомеа, бо шумули мардум абзори намоиш қарор мегиранд. Ҳукуматҳои диктотурӣ ва ё диктортурмаоб ба хотири он ки худкомагии худро пушти саҳна кунанд, даст ба намоиш ва корҳои намойишӣ мезананд. Дар ин гуна кишварҳо ҳукуматҳо чӣ аз боло ба поён ва чӣ аз поён ба боло ҳама кори намоиширо пеш мегиранд ва ҳар ниҳоде ба ниҳоди болоии худ корҳоро дар шакли тарбуз пешниҳод мекунанд.
Бештари кишварҳои пасошӯравӣ, бадбахтона кишварҳои тарбузмонанданд. Дар ҳамаи ин кишварҳо ҳукуматҳо намоишкор шудаанд ва бештар пружаву тарҳҳои намоиширо вориди иҷтимоъ мекунанд. Сабқати баландтарин парчаму калонтарин масҷиду дигар иншооти маишии бузургтарин реша дар ҳамин гуна корҳои намоишӣ дорад. Вагарна барои ин гуна ҳукуматҳо дар ҳоли ҳозир сохтани ин гуна ...бузургтаринҳо лозим нест, балки бояд ниҳодҳои истеҳсоливу мудириятӣ сохта шавад, ки битавонанд ҷомеаро аз ҳолати буҳронӣ ба ҳолати субот мунтақил кунанд.
Дар асри 21, ки асри нанотехнолоҷиву пикотехнолоҷӣ ҳаст, барои ҳукуматҳои тарбузмонанд ё намоишкор бисёр сангин аст, ки ҳолати воқеиро аз мардум пинҳон кунанд. Рушди технолоҷӣ, хусусан IT (фанновариҳои иттилоотӣ) дуруғ гуфтанро барои ҳукуматҳои намоишкор хеле душвор кард. Дуруғҳоро технолоҷии ҷадид бисёр зуд фош мекунад.
Тамоми ҳукуматҳои намоишкор бо расонаҳои мустақил ҷанги хатмношудание доранд. Аксари онҳо муваффақ шудаанд, ки расонаҳои мустақилро ба тамом саркӯб кунанд ва ё таҳти контроли худ қарор бидиҳанд. Онҳое, ки муваффақ нашудаанд, расонаҳои мавриди назарро таҳти фишори шадиде қарор медиҳанд. Ин корро барои он мекунанд, ки яке аз василаҳои намоиш барои ин гуна ҳукуматҳо ҳамин расонаҳо ҳастанд. Вуҷуди расонаҳои мустақил хосияти намоишро мекоҳонад, барои ҳамин талошҳоро барои набуди онҳо мекунанд.
Дар ихтиёри давлат қарор доштани телевизион ҳам яке аз масъалаҳои меҳварии ҳукуматҳои тарбузмонанд аст. Дар тамоми кишварҳое, ки намоишкоранд ҳеч телевизиони мустақилу хусусие вуҷуд надорад. Албатта боз ҳам барои намоиш чунин телевизионҳое ташкил мешаванд, вале “берун аз сиёсати партия ва ҳукумат” нестанд.
Бештарини ин гуна кишварҳо дар Осиё ва Африқо қарор доранд. Намунаи барҷастаи як ҳукумати намоишкор Курёи Шимолист. Курёи Шимолӣ ба ҳадде намоишкор аст, ки ба худ унвони “осорхонаи сиёсии олам”-ро гирифтааст. Ҳоло Русия бо вуҷуди як абарқудрати дунё будан ва “посухдор (масъул)-и сарнавишти кишварҳои олам” эълон кардани худ, хосияти як ҳукумати намоишкорро гирифтааст.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам дар замони шӯравӣ ба ин вирус сироят шуданд ва аз бунёд ҳукуматҳои намоишкор доштанд. Баъди фурӯпошии ИҶШС дар ин кишварҳои демкоратияи косметикӣ рушд кард, вале моҳияти ҳокимият тағйир накард. Ҳукуматҳое мудирият карданд ва мекунанд, ки зоҳиран демократанд, вале ботинан бо арзишҳои демократӣ ҳамхонии камтар доранд. Туркманистону Узбакистон аз ибтидо ҳукуматҳои намойишкор буданд. Тоҷикистону Қазоқистону Қирғизистон дар ибтидо ба арзишҳои демократӣ эҳтироми вижае қойил шуданд, вале баъдан роҳро ба суйи ҳукуматҳои намоишӣ пеш гирифтанд. Албатта роҳу равиши қирғизҳо як каме фарқкунанда аст, вале шуруъи пайкорҳои нав дар фазои сиёсии ин кишвар дур нарафтани онро аз “асли хеш” пешгӯйӣ мекунад.
Ба таъбири мардумӣ “безебӣ”-и ҳукуматҳои намоишкор дар он аст, ки бо вуҷуди иштироки номзадҳои зиёд дар интихоботҳо, касби бештар аз 80-у 90 дар садии оро аз ҷониби барандаи интихобот, будани ҳизбҳои сиёсии бисёр, аз эътимоди собити мардум бархурдор нестанд ва ҳамеша талош мекунанд, ки дунёро ба “садоқату худ ба демкоратия” бовар бикунонад.
Ҳукумате, ки миллат ва давлаташро бар пояи пружаҳои суботу давомдори иқтисодӣ, ислоҳоти решаии сиёсиву кадрӣ ва маърифатӣ намесозад, саранҷом мисли тарбуз бо кафидан сурхияш ошкор мешавад ва аз сабзиву сабзрангияш чизе боқӣ намемонанд. Намоиш ҳамеша маҷоз аст, маҷоз кори бадеист, бо воқеият камтар ҳамхонӣ дорад. Вале ҳукуматдори кори рӯз аст ва муҳимтарини асли он дасту панҷа нарм кардан бо воқеиятҳост.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |