Коҳиши хонасозӣ ва ифшои 3200 камбудӣ дар 1036 бинои навбунёд
Оҷонсии омори Тоҷикистон иттилоъ дод, ки тайи 9 моҳи соли равон дар кишвар 494,6 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,7 фоиз кам мебошад.
Тибқи иттилои ин ниҳод 82,6 фоиз биноҳои истиқоматии навбунёдро дар кишвар бахши хусусӣ сохтааст.
Бар асоси иттилоияи расмӣ, ки аз қавли Абдукарим Абдуалимзода, муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар дар сомонаи “Ховар” нашр шудааст, сифати биноҳои навбунёд таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад. Манбаъ мегӯяд, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ дар 9 моҳи соли равон сифати сохтмони 1036 иншоотро санҷида, 3205 камбудӣ ошкор кардааст: “Аз ин 227 камбудӣ корҳои заминӣ, 898 камбудӣ сифати конструкияҳои оҳану бетонӣ, 430 камбудӣ дар сохтмони деворҳо, 305 камбудӣ дар корҳои пардозгарӣ, 174 камбудӣ дар сохтмони бом, 158 камбудӣ дар корҳои сантехникӣ ва барқӣ, 121 камбудӣ дар таъмиру сохтмони роҳҳо, 232 камбудӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ, 68 камбудӣ бе хулосаи мусбати ташхиси давлатии лоиҳа оғоз кардани корҳои сохтмону васлгарӣ, 57 камбудӣ амалӣ накардани назорати муаллифӣ, 72 камбудӣ сифати масолеҳи сохтмонӣ, 17 камбудӣ корҳои меъморӣ, 27 камбудӣ комиссияи давлатии қабули иншоот, 128 камбудӣ техникаи бехатарӣ, 4 камбудӣ бе қарори мақомоти дахлдор оғоз кардани корҳои сохтмону васлгарӣ, 31 камбудӣ бе лоиҳаи корӣ оғоз кардани корҳои сохтмону васлгарӣ, 126 камбудӣ бе иҷозати сермеъмор оғоз кардани корҳои сохтмону васлгарӣ ва 39 камбудӣ ба инобат нагирифтани дастрасии маъюбонро ба биною иншоот дар бар мегирад”.
Ба гуфтаи Абдукарим Абдуалимзода 333 шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор барои роҳ додан ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон ба маблағи 362740 сомонӣ ҷаримабандӣ шуда, аз он 333290 сомонӣ ба буҷети давлат ворид гардидааст.
Ноиби якуми раиси Кумитаи меъморӣ афзудааст, ки талош мекунанд, то минбаъд дар пойтахти кишвар биноҳои истиқоматии аз 16-ошёна боло бо назардошти меъмории миллӣ қомат афрозанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |