ВКД: Писари муовини аввали сарвазир ҳанӯз дар беморхона аст
Фаромузи Саид, писари 23-солаи муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, ки номаш дар пайи як садамаи маргбор расонаӣ шуд, ҳанӯз дар беморхона қарор дорад.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳанӯз саломатии ӯ мушкил дошта, дар беморхона нигаҳдорӣ мешавад. Аммо манбаъ ифшо накард, ки ӯ дар кадом беморхона қарор дорад. Ба иттилои ВКД, Фаромӯзи Саид ҳаққи берун шудан аз ҳудуди кишварро надорад.
Сонеҳаи маргбор бо иштироки Фаромузи Саид шаби 10 сентябр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дода, ду кушта барҷой гузошт. Қаблан, сухангӯи ВКД гуфта буд: “Дар натиҷаи ин ҳодиса Ҳилола Раҳимова, сокини 25-солаи Душанбе ва Рустам Сатторов, сокини ноҳияи Варзоб ҷон дода, худи Фаромузи Саид бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошад”.
Ба дунбол Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парванда бо дастрасии моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) дар робита ба ин ҳодиса хабар дод.Акс аз ҷойи ҳодиса
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |