Ҳузури мухолифини тоҷик дар нишасти солонаи САҲА (ОБСЕ) аз дохили Тоҷикистон ба маънои дастгирии ин ниҳод аз терроризм маънидод шуд. Ин нукта дар эътирозҳои бешумори донишҷӯён, ки зоҳиран бо ҳимояти мақомот сурат гирифт, садо медод. Мавзеъгирии САҲА чӣ маъно дошт? Дар робита ба ин “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: ОЁ САҲА ТОҶИКИСТОНРО “ЧАП” ГИРИФТААСТ?
Фаррух САЛИМОВ, устоди донишгоҳ дар риштаи равобити байналмилал
Не, ман чунин фикр намекунам. ҲНИТ-ро Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ унвон кардааст ва ба фикри ман ҳанӯз ба рӯйхати ташкилотҳои террористии САҲА ва ё СММ ворид карда нашудааст. Дар Аврупо ҲНИТ шояд ҳамчун нерӯи оппозитсионӣ эътироф шуда бошад, на беш аз он ва саркӯб кардани он ҳамчун масъалаи муборизаи сиёсии дохилӣ дониста мешавад. Шояд аз ҳамин сабаб баромади ин гуруҳро дар ҷаласаи солона роҳ дода бошанд. Албатта ин амал аз ҷониби САҲА нодуруст буд, зеро ҷаласаи солонаи он барои шунидани ҳисоботи ҳукуматҳои давлатҳои узв буд, на барангехтани "ҷанҷол". Дар мавриди он ки САҲА Тоҷикистонро “чап” гирифтааст ё на, ба фикрам функсионерҳои асосии он, ки аксарият аз Аврупо мебошанд нисбати тамоми кишварҳои Осиё ва махсусан кишварҳои пасошӯравӣ чунин назар доранд, ки ҳама диктотурӣ ҳастанду онҳоро бояд “ислоҳ” кард ва дар истифодаи олот (минҷумла, иҷозати чунин амал) худро маҳдуд намекунанд.
Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон
Ман фикр намекунам, ки САҲА Тоҷикистонро "чап" гирифта бошад, зеро ин созмон байниҳукуматӣ буда, усулу қавоиди фаъолияти худро дорад, ки ҳукуматҳои шомил ба САҲА дар баробари ҳуқуқ уҳдадориҳо доранд. Ҳамзамон, мутмаинам, ки гуруҳи ҷавонони пешсаф дар тасмими худ озод ҳастанд.
Ҳузури мухолифин дар нишасти солонаи САҲА амри маъмулӣ аст, ҳар сол мо шоҳиди эътирози гуруҳҳои гуногун аз кишварҳои дигар мешудем. Эътирози онҳо ба иҷрои ҳамон уҳдадориҳои ҳукуматҳо дар доираи САҲА, иҷрои тавсияҳои созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, зерсохторҳои САҲА, СММ ва амсоли онҳо рабт дорад. Ҳамоиши солона як майдонест, ки чонибҳо бо далелу бурҳон мубоҳиса мекунанд, то ки аз ҳаводиси рухдода дар кишварҳои ҷаҳон сабақ бардоранд. Шояд имсол ҷониби мухолифин ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми мубоҳисаҳо ба иззати нафси ҳамдигар расиданд, зургӯйӣ карданд, танқидро таҳаммул карда натавонистанд. Ин аз фарҳанги сиёсии онҳо далолат мекунад.
Хуршед АТОВУЛЛО, иштирокдори ҷаласаи САҲА бо намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон
САҲА имконе барои оппозитсияи берун аз Тоҷикистон дод, то ҳарфи худро дар баробари мақомот гӯянд ва ба суолҳои худ ҷавоб гиранд. Бадбахтона ё натавонистанд ё нахостанд аз ин фурсат истифода баранд. Набудани фаросат барои гуфтугӯ, луқмапартоиҳо, таҳқир, дашноми баъзеи онҳо ҳатто аз чашми хориҷиҳо дур намонд. Бубинед, Равшани Темуриён, ки бевосита иштиокчии ин ҷаласаҳо буд, чӣ мегӯяд:
“Ҳамчунин дар ин маҷлис намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон ва коршиносони сиёсӣ дар пешниҳоднома аз талаби ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷамъомади солонаи САҲА дар бораи зарурати ҷорӣ кардани қоидаҳои ҷадид дар вақти суханронӣ ва ҷилавгирӣ аз такрору дағаливу беэҳтиромӣ дар баробари ҳозирин пуштибонӣ ба амал оварданд”.
Амруллоҳи НИЗОМ, яке аз мухолифини иштирокдор дар нишасти САҲА
Нишасти солонаи САҲА яке аз муътабартарин минбарҳои гузориш додани ҳукуматҳо аз корномаҳои худ ва додхоҳии мухолифону ҷабрдидагон аз онҳост. Дар ин ҷо нақду баррасии коргузории кишварҳои узви ин созмон сурат мегирад. Биноан набояд ҳузури мухолифон барои як кишвар ва ҳукумате ба мисли Тоҷикистон он қадар нигаронкунанд бошад, ки ҳамаро ба по бихезонад. Ин ба по хезонданҳои ҷавонон ва халал расонидан ба ҷадвалҳои дарсии донишҷӯён як навъ асабоният ва нишоне заъф аст. Инчунин он навъе ба намоиш гузоштани таҳаммулнопазирии як ҳукумат аст. Ин ҷо иштибоҳи ҳукумат аст, ки ғалат фикр мекунад САҲА онро “чап” гирифтааст. Ин хел ҳам фикр кардан, ки гӯиё дунё ҳама амалкардҳои ҳукуматро дар ҳаққи мухолифон қабул мекунанд, ғалат аст. Инҷо он қадаре, ки намояндаҳои кишварҳои узв ва созмонҳои ҷамъиятӣ аз корнамоиҳои ҳукумати кишвар интиқод ва онҳоро маҳкум карданд, мухолифон шояд нисфи онҳо ҳама интиқодотро анҷом надода бошанд.
Ховари СОДИҚ, таҳлилгари сиёсӣ
Ман фикр мекунам фаҳмидани ин масъала бисёр кори содда аст. Тоҷикистон натавонистааст бо амалкардҳои ахираш САҲА-ро мутақоид кунад. Ман намедонам, ки пеш аз ин САҲА бо Ҳукумати Тоҷикистон сари масъалаи мухолифин муколамае доштааст ва ё не, вале чун шоҳиди манзараи зикршуда дар ҷаласаи Варшава шудем, гуфтан имкон дорад, ки дар ҳоли ҳозир САҲА аз амалкардҳои Тоҷикистон дар умури сиёсӣ “розӣ” нест. Ин “норозигӣ” дар ҳадде нест, ки мо бигӯйем Тоҷикистонро “чап” гирифтааст, вале Тоҷикистон як кишвари узви ин созмон аст ва бо шарти иҷро кардани стандартҳои он узвиятро пазируфтааст. То мо шоҳиди вокуниши расмии Ҳукумати Тоҷикистон нашавем, наметавонем дар мавриди чигунагии муносибати САҲА бо Тоҷикистон қазоват кунем.
Ёқуби Саид, рӯзноманигор
Дар нишасти солонаи САҲА на танҳо мухолифони тоҷик, балки аз Туркманистону Қирғизистон ва кишварҳои дигар низ ширкат доштанд. Барои мисол, Қодирҷон Батиров - як мухолифи қирғиз, ки дар барангехтани адовати миллӣ ва анҷоми ҷиноятҳои сангин гунаҳкор дониста шудаву дар ғайбаш ба зиндон ҳам маҳкум шудааст, дар нишасти САҲА иштирок ва суханронӣ кард. Танҳо вокуниши Қирғизистон ин буд, ки роҳбари ҳайати ин кишвар зимни суханронии Батиров толорро тарк кард. Қирғизҳо бо ҳамин қаноат карданд, дигар на эътирози зидди эътироз барпо карданд ва на муроҷиатнома қабул намуданд. Асабонияти ҳамватанони мо дар дохили кишвар каме зиёдаравӣ буд, ки дар шаъни донишҷӯён намезебид. Мавзеъгирии САҲА оддӣ буд. Чунин рафторро нисбати кишварҳои дигар ҳам карда буд. Аммо ин "чапгириҳо" фикр намекунам вазъиятро дар Тоҷикистон тағйир бидиҳанд ва демократияро таъмин кунанд.