Мусодираи 3540 доллари “ғайриқонунӣ”-и муҳоҷири тоҷик дар Русия
Мақомоти гумруки фурудгоҳи Оренбург нисбати як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми нишон надодани ҳаҷми маблағ ҳангоми парвоз ба Душанбе парвандаи маъмурӣ боз кардааст.
Ба навиштаи расонаҳои русӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон талош кардааст 13 ҳазору 400 доллар ва 9 ҳазору 400 рубли русиро бидуни пур кардани декларатсия аз қаламрави Русия бо худ бубарад.
Тибқи қонуни Русия маблағи бештар аз 10 ҳазор доллар бояд нишон дода шавад: “Аммо шаҳрванди Тоҷикистон гуфтааст, аз ин қонун бехабар буд”.
Ба гуфтаи маъмурини гумруки Оренбург надонистани қонун барои боз нашудани парванда кумак накардааст: “Ба ин тартиб аз шаҳрванди Тоҷикистон 3 ҳазору 400 доллар ва 9 ҳазору 400 рубл (тақрибан 140 доллар) мусодира шудааст".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |