Холмуҳаммадзода: Савгандшикании вакилон ҷазои ҷиноӣ надорад
Азизмуҳаммад Холмуҳаммазода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 3-юми октябр дар пайи анҷоми маъракаи савгандёдкунӣ ба рӯзноманигорон гуфт, барои савгандшиканӣ дар қонунгузории кишвар ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ нашудааст.
Холмуҳаммадзода ба суоли рӯзноманигорон, ки агар вакилон ба савганди ёдкардаашон содиқ намонанд, чӣ пайомад хоҳад дошт, гуфт, қонунгузорӣ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ накардааст: “Лекин ин ҷавобгарии маънавӣ дорад. Дар қонунгзорӣ пешбинӣ нашудааст, ки барои риоя накардани савганд вайро аз мақоми вакилӣ маҳрум мекунанд, аммо ман фикр мекунам ӯ бояд ихтиёран даст кашад. Чунин афрод ҳуқуқи маънавии вакилиро надоранд”.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар пайи савгандёдкунии вакилони парлумони Тоҷикистон гуфт, ин таҷриба дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳам ҷой дорад. Ба гуфтаи Зуҳуров савгандёдкунии вакилон саҳифаи навро дар таърихи парлумони кишвар боз намуд ва он ҷиддияту масъулияти вакилонро бештар мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |