ВИДЕО: Шукурҷон Зуҳуров якум шуда ба номи халқ қасам хӯрд

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 3 октябр дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон нахустин шуда, маъракаи савгандёдкунии вакилонро оғоз бахшид.
Ба дунболи Зуҳуров, муовинони ӯ ва дигар намояндаҳои мардумӣ ҳам савганд ёд карданд. Матни савганд чунин аст: "Ҳамчун вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият, ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститусия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми нерӯ, дониш ва тарҷибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок намоям."
Хабарнигори “Озодагон” аз парлумон иттилоъ дод, ҷаласа бо ҳузури 62 вакил ҷараён гирифта, танҳо як нафар бо далели беморӣ иштирок накардааст: "Вакилон дар минбар дасти рости худро болои Конститутсия гузошта, савганд ёд мекунанд. Матни савганд дар минбар гузошта шудааст. Бархе вакилон аз рӯи коғаз ва бархеи дигар бидуни он савганд ёд карданд".
Савгандёдкунии вакилону вазирон аз бандҳои тағйирот ба Сарқонун мебошад, ки моҳи майи соли равон тариқи раъйпурсӣ қабул гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |