Мақомот: Хабари дарёфти навзод аз ҳоҷатхонаи Хуҷандро санҷидем (ВИДЕО)
Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд мегӯянд, хабари расонаҳои русзабон дар бораи дарёфти кӯдаки навзод аз ҳоҷатхонаи ҷамъиятии шаҳри Хуҷандро мавриди санҷиш қарор додаанд.
Акбар Шарипов, сухангӯи Раёсати умури дохилии вилояти Суғд имрӯз, 3-юми октябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин хабарро аз расонаҳо фаҳмидаанд: “Санҷиш гузаронда муайян намудем, ки тайи моҳҳои охир дар вилояти Суғд чунин ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст. Шояд ҳодиса солҳои пеш сурат гирифтааст”.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои русӣ 2 октябр хабар доданд, ки аз ҳоҷатхонаи ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд садои кӯдаки навзод меомадааст ва дар пайи муроҷиати шаҳрвандон мақомот навзодро наҷот додаанд. Инчунин видеои наҷоти кӯдаки навзод аз ҷониби афроди тоҷикзабон нашр шудааст, аммо маълум нест, ки ин навор кай ва дар куҷо сабт гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |