Бахшҳо

Ромодановский: Раводид барои Тоҷикистон? Ин пешниҳоди бесаводон аст

Константин Ромодановский, сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, роҳандозии низоми раводидро бо кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ба мақсадҳои Русия оиди ҳамгироӣ бо ин кишварҳо «мухолиф» номид.


Вай мегӯяд, дар ҳоле, ки Русия кӯшиш дорад, минтақаи ягонаи иқтисодии АвруОсиё ва минбаъд Иттифоқи АвруОсиёро ташкил намояд, ҷорӣ кардани низоми раводидро танҳо нафароне пешниҳод карда метавонанд, ки дар мактаб хеле ва хеле бадхон будаанд. Ромодановский яке аз сабабҳои мавҷудияти низоми бе раводидро миёни Русия ва Тоҷикистон, ҳолати демографии Русия ном мебарад. Сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, бо такя ба таҳлили коршиносон изҳор доштааст, ки барои фаъолияти самараноки иқтисодиёти Русия, ин кишвар ҳамасола ба беш аз 330 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ ниёз дорад. Мушкили асосиро дар раванди мавҷудаи муҳоҷирати корӣ ба Русия, Ромодановский вазъи ғайриқонунӣ доштани бисёре аз муҳоҷирон номид, ки дар натиҷаи он буҷети кишвар ҳамасола аз 40 миллиард рубл маҳрум мемонад.Аввали моҳи ҷорӣ Ромодановксий барои густариши фаъолияти қонунии муҳоҷирон пешниҳод карда буд, ки Русия барои муҳоҷирон нафақа диҳад. Ба гуфтаи ӯ, додани нафақа ин як роҳи ҳавасмандкунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба фаъолияти шаффофу қонунӣ хоҳад буд: «Мо бояд барои муҳоҷирон шароите муҳайё кунем, ки онҳо бихоҳанд ба таври қонунӣ фаъолият кунанд. Масалан русиягиҳо манфиатдоранд, ки маоши «шаффоф» гиранд, то рӯзе соҳиби нафақа гарданд. Мо метавонем бо шаҳрвандони хориҷӣ низ чунин муносибат намоем».

Дар ин самт, рӯзе пеш аллакай парлумони Русия қарореро ба тасвиб расонд, ки тибқи он корфармо барои ҳифзи иҷтимоии муҳоҷири меҳнатӣ як маблағи муайянро пардохт хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, киаз Тоҷикистон дар Русия, ҳудуди 1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ кор карда, маблағи роҳикардаашон такягоҳи асосии иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад, вале масъалаи ҳифзи иҷтимоиашон  аз ҷумла таъминоташон бо нафақа дар ватан ҳанӯз пурра равшан нест.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)