Шӯрои уламо маҳри камтарини занро 500 сомонӣ ва тӯйҳои бодабдабаро ғайриисломӣ хонд
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, маҳри зан дар кишвар набояд камтар аз 500 сомонӣ бошад.
Ин ниҳод дар посух ба суоли Муслим, як корбари сомонааш изҳор доштааст, ки “аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ камтарин миқдори маҳр 10 дирҳами шаръӣ-тақрибан 500 сомонӣ аст ва набояд аз ин миқдор кам шавад. Таъини маҳри аз ин бештар ба зан вобаста асту бо ризоияти тарафайн сурат мегирад. Зан ҳаққи таъйин кардани онро дорад”.
Ба суол, ки тӯй бояд дар доираи шариат чӣ гуна гузаронда шавад, Шӯрои уламо посух додааст, ки “баргузор кардани маросими тӯй, ки дар истилоҳи шариат “валима” гуфта мешавад, бояд дар доираи имконияти шахс бошад ва дар он исроф ва харҷи беҳуда кардан хилофи дастуроти дини мубини Ислом аст, зеро Худованд исрофро дӯст намедорад”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз иҷро нашудани қонун дар бораи танзими расму оин дар пойтахт ва исрофкории гуруҳи одамон изҳори нигаронӣ карда, барои ислоҳи вазъ ба масъулин як моҳ муҳлат дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |