Бахшҳо
30 сен 2016 12:33Тоҷикистон / Сиёсат

Президент ҳадаф гузошт: Зиндагии шоиста тайи 15 соли оянда таъмин шавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 30-юми сентябр дар маҷлиси навбатии ҳукумат лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро қабул намуд, ки бар асоси он бояд зиндагии шоистаи мардум давоми 15 соли оянда таъмин шавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, лоиҳаи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 аз тарафи вазоратҳо бо ҷалби коршиносон таҳия гардид: “Ин дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди кишвар ба инобат гирифта шудааст. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 давоми 15 соли оянда ҷиҳати муҳайё намудани зиндагии шоистаи мардум пешбинӣ гардидааст”.

Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи ин ҳадафҳо якчанд омилро муҳим хондааст: “Аз ҷумла рушди неруи инсонӣ, рақобатпазирии бахши иқтисод бо сатҳу сифати баланд, саҳми саноат дар рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил додани кишвар, се баробар аз 17 то 45 миллиард соат боло бурдани иқтидори энергетикии ҷумҳуриро, номбар карданд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, маълумотнок кардани аҳолӣ, боло бурдани сатҳи дарозумрии аҳолӣ, кам кардани шумораи фавти модару кудак, беҳтар кардани шароити зиндагӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани мардум, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои рушди микро ва макроиқтисодии кишвар, аз омилҳои дигари татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод гардид: “Таъкид гардид, ки барои пурра ноил гардидан ба ин стратегия дар назди давлату ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои он як қатор вазифаҳои муҳим меистад. Дар амал татбиқ кардани се самти стратегии мамлакат-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар ин самт аст”.

Ба иттилои манбаъ зимни ҷаласаи ҳукумат инчунин лоиҳаи 5 қонун, аз ҷумла «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун«Дар бораи хизмати давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси олӣ ирсол гардиданд: “Дар баробари ин 5 хулосаи Ҳукумат, аз ҷумла хулоса дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардиданд”.
Мӯҳр
Muhojir
Prezident, zindagii shoista gufta chiro dar nazar doshta boshad?

н
Гуфти русхо: за 15 лет или падишах умрет, или ишак сдохнет. Дар ин 15 сол ки мурдаву ки зинда. Аз хамон Россия намонем.

соли 1992 20- сола будам холо 44-сола,баъди 15 сол ба шаст мерасам агар умрам боки бошад.Кариб якумр дар интизори зиндагии шоиста!!!

Шариф
Вакте дар 25 сол тамин карда натавонистед дар 15 сол наметавонед.

Шукрулло
Шукрона кунед, ки дар 150 сол неву, танхо дар 15 сол сохиби зиндагии шоиста мешавем.

кароче ба умеди ин дунё дигар нашавем ё неправильно фахмидем?

Коментария кардагиё ва онхое, хамфикрашон хастанд. Шумо аз ки? ва чи?-ро интизоред. Оё фикр мекунед ки ягон кас ухдадор хаст, ки ба Шумо зиндагии шоиста такдим намояд, яъне пули басанда барои хаёт бурдан дихад? Фаромуш кардан даркор нест, ки бе ранч, ганч муяссар намегардад. Бале Шумо мегуед, ки мо муддати зиёд шуд, ки ранч бурда истодаем, аммо ганче наомадааст. Ин ранчи гуфтагии Шумо ранч нею азобе хаст, ки бояд намешуд, яъне пештар аз чавони бояд як илме ки хам ба худи Шумо ва хам бар дигарон фоидабахшро ба таври "дахлдор" меомухтед ва сохибкасб шуда, азоби ояндаи зиндагиро намедидед. Илме омухтан даркор буд, ки хамкадами замон бошад. Дарс хондан дигар хасту илм омухтан дигар аст. Барои он ки то хол бархе аз кисми халки мо хаёти шоистаро надорад набояд Хукуматро гунахгор кард, балки хар яки худамонро. Хукумат бе халк хеч аст ва танхо мехнату захмат кашидани халк Давлатро пеш мебарад ва хаёти арзандаро ба мо меорад. Ин 15 сол хадаф барои хар як сокини мамлакат хаст, ки бояд аз курсии танбали бархеста ба рохи муваффакият баромад. Бас аст аз зиндаги норози будан. Рози бошем ё набошем хаёт рафта истодааст. "Аз он ки торикиро дашном медихед, худ бархеста як шам даргиронед то каме бошад равшантар шавад бародарон"!!!!

кишлоки
умуман бовари надорам, акалан дар фасли зимистон бо барк таъмин бошем,шуд. Аз холо баркро дар мо хомуш мекунанд.

мехмон
Оё Шумо медонед ки дар чумхури норасоии гизо дар дехот вучуд дорад. Маска, каймок, гушт, кахва ва дигар намуди ширинихоро дар хонаи камбагали бе чойи кор ки аз Руссия депорт шудааст мехмон хам намешавад. Хатто тухм ки аз хама гизои арзон хаст харида наметавонанд. Ман хам дар Руссия кор мекардам ва агар ягон кас мегуфт, ки сум надорам шакару равган бихарад механдидам. Вакте , ки як сол дар Ватан мондаму пули Руссия тамом шуд ахволи халки бекору овораро фахмидам. Мухтарам президент!! Хама чизеро, ки ба Шумо нишон медиханд ва он хисоботе медиханд дуруг хаст ва халк дар азоб мондаги. 15 сол ин зиёд хаст барои асри 21.

В шоке
Аз кадом хисоб? Ааа нав пахмидм экспорти мухочирора зиед карданияй? Озодагон ташаккур

Karim
Hej gap ne har 10-15sol va,dai inu on ba guftai kampirako buzak buzak namur bahor meoyad!! Neki da iqa sol zindagii mardum beh nashud ba nazari banda badtar khohad shud na khub boz mebinem ki ki durust meguyad va omorhoi haqiqiro meguyand yo ne agar mardumi zahmatkashi mo ki dar rusiya ast onho bargardand aqalan 60%zash dar on holat malum meshavad ki zindagii shoista da vatan shudaast!!

чоркухи,
Хамааш мешавад, дар 25 сол мо аз чанги шахрванди, аз марзмахкамкуни ва дигар мушкилихо гузаштем. Имруз навбати хаёти шоиста расидааст. Онхое, ки ба он намерасанд зик нашаванд, ба фарзандхоятон мерасад. Хама дуои нек нисбати Пешвои миллат!

Dа бисо чойхои точикистон об нестай оо хаму чойхо об гузароне баъд ширу каймок гуве пеш пеши президент оинаи сиех монда ай пешуш илтимос гули садбарг намоне

мехмон
Tojik,
Кобилу кордонхо барвакт шахрвандии Руссияро гирифтаанд. Дигарон ба мардикори мераванд. Ба мамлакати бегона мардикори кардан ин кахрамонист !
Барои чи дар солхои баъди чанги 1941-45 иктисодиётро дар муддати кутох баркарор карданд. Чунки конуни сахт буд , одамон содики хукумати замони худ буданд ва фардои дурахшонро умед доштанд. Шиору лозунгхои чалбкунанда доштанд. Умуман метавонистанд ки мардумро аз кафои худ бубаранд ва худ дар сафи аввал буданд.

ос
Шояд 150 соли ояндаро дар назар дошта бошанд???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)