Кумита: Ҳавои номуътадил то 2 октябр давом мекунад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, ҳавои номуътадил, ки имрӯз, 30-юми октябр кишварро фаро гирифтааст, то 2-юми октябр идома хоҳад кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод аз 30 сентябр то 2 октябр ҳарорати ҳаво якбора поин рафта, борон ва дар бархе аз навоҳии куҳӣ барфрезӣ дар назар аст: “Ҳаво шабона 15- 17 ва рӯзона 22 дараҷа гарм мешавад”.
Наҷотдиҳандагони тоҷик инчунин аз хатари селфароӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳушдор дода, шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистонро ба эҳтиёткорӣ даъват кардаанд. Ин дар ҳолест, ки шаби 29 ба 30-юми сентябр шамол ва ҳавои чанголуд Душанберо фаро гирифта, феълан низ дар фазои пойтахт ҳукмфармост.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |