Дастури Пирзода ба коргарон: Бе галстук ба кор наоед

Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон вуруди кормандони ин ниҳодро ба корхона бидуни либоси расмию галстук мамнуъ кардааст.
Тавре манобеи “Озодагон” аз ин ниҳод иттилоъ доданд, Пирзода дар ҷаласаи рӯзи чоршанбе аз сарулибоси кормандони Кумита изҳори нигаронӣ намуда, қарор кардааст, ки минбаъд вуруди кормандон бидуни либоси расмӣ ва галстук ба ниҳодҳои тобеи Кумита мамнуъ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки чанд моҳи қабл Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар баробари интиқод аз кори журналистон, наворбардорон ва коргардонҳои Кумитаи радио ва телевизион инчунин аз камбудии сарулибос суҳбат кард. Ба гуфтаи раисиҷумҳур ба сару либос ва ҳаракатҳои шахсони сабтшаванда, яъне онҳое, ки дар эфиранд, кам аҳамият дода мешавад ва ин камбудӣ ҳатто дар вақти танзим низ бартараф намегардад: “Камбудии сару либос, ҳаракатҳои ноҷо ё дигар ҳолатҳое, ки бояд рӯи навор набошанд, дар экран тез-тез ба мушоҳида мерасанд, ки ин боиси аз даст додани тамошобин, паст задани шаъну шарафи шахс ва костагии завқи зебоипарастии бинанда мегардад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |