• Маълумоти оли дар ИМА;
• Интихобот дар ИМА;
• Бехатарии озуқаворӣ/ кишоварзӣ дар ИМА;
• Ҳамкорӣ байни соҳаҳои хусусӣ ва давлатӣ;
• Ҳамкории ҷомеа ва пулис;
• Шуғли ҷавонон/ фаъолиятҳои довталабона.
Ҳамзамон, эълон шудааст, ки довталабон имкони пешниҳоди барнома ва мавзӯҳои худро доранд.
Гуфтанист, гурӯҳҳои эҷодӣ ҳангоми ин сафари дуҳафтаина як ё якчанд филми мустанад ва силсилаи лавҳаҳои телевизионӣ аз ҳаёти Амрикоро таҳия мекунанд ва онҳоро дар вақти мусоиди телевизионӣ пахш мекунанд. Гурӯҳи эҷодиро дар ИМА дар тамоми муддати сафар таҳиягари амрикоӣ, ки аз ҷониби Дафтари оид ба масоили телерадиошунавонии Департаменти давлатӣ таъйин шудааст, ҳамроҳӣ мекунад. Ғолиби озмуни ин барнома ба гранти Департаменти давлатии ИМА ноил мегардад, ки он хароҷоти иқомати гурӯҳи эҷодиро дар ИМА дар давоми ду ҳафта дар бар мегирад. Аз ҷумла хароҷотҳои рафту омад, меҳмонхона, хӯрокворӣ, суғуртаи муваққатии тиббӣ ва наворбардорӣ аз ҳисоби грант пардохта мешаванд. Иттилои бештарро аз қароргоҳи сафорати ИМА дар Душанбе бо нишонии хиёбони Исмоили Сомонӣ, 109 «А» ва ё суроғаи интернетӣ: usembassydushanbe@state.gov пайдо карда метавонед.
Телефонҳо барои тамос: 229 23 58, 229 20 00
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |