"Шоҳидони яҳво" таблиғот бо забонҳои помириро пурзӯр кард
Созмони мамнӯъи “Шоҳидони Яҳво” таблиғоташро бо забонҳои помирӣ дар Тоҷикистон густурда кардааст.
Ин ҷамъият дар баробари паҳни варақаҳо бо забонҳои помирӣ, инчунин сомонаеро бо забони шуғнӣ фаъол намуда, адабиёту ахбороти худро пешниҳод кардааст. Дар сомонаи ин созмони мамнуъ, ки бар хилофи бархе аз сомонаҳои расмии хабарии Тоҷикистон масдуд несту дар дастрасии озод қарор дорад, адабиётҳо, видеоҳо, ҷамъомадҳо ва таълимоти ин ҷамъият гузошта шудааст.
Мубаллиғони шоҳидони яҳво қаблан варақаҳои таблиғиро бо забони шуғнӣ дар кӯчаҳои Душанбе паҳн мекарданд.
Фаъолияти ин созмони масеҳӣ соли 2007 аз сӯи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки он замон назорат аз болои муассисаҳои диниро бар уҳда дошт, мамнӯъ шуд. Мақомот он вақт гуфтанд, ин созмони масеҳӣ таблиғоти ғайриқонунӣ карда, ҳамзамон аз сокинон хостааст, аз фиристодани писаронашон ба артиш худдорӣ кунанд. Аммо, ин созмони динмеҳвар соли 2013 дар остонаи ҷаласаи 108-уми Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал аз мақомоти Тоҷикистон дархост кард, ки созмони онҳоро дубора сабтином ва фаъолияташонро қонунӣ кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |