Бахшҳо
29 сен 2016 12:43Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ш.Зуҳуров пешниҳод кардааст, хатсайри ҳавоии Боку-Душанбе аз ҳисоби ширкатҳои озарбойҷонӣ барқарор шавад

Дар суҳбати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон далели сатҳи пасти ҳаҷми мубодилаи тиҷорӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон “мавҷуд набудани ҳамкориҳо дар бахши алоқаи ҳавоӣ” арзёбӣ шудааст.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ҷонибҳо таъкид намуданд, ки “мавҷуд будани хатсайрҳои ҳавоӣ ба бартараф кардани масъалаҳои баҳсталаб, афзоиши мубодилаи тиҷоративу иқтисодӣ, беҳтар гардидани алоқаҳои расмӣ ва ҷиҳати пурра ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни ду кишвар мусоидат менамояд”.

Ба иттилои манбаъ, бар асоси созишномаи байниҳукуматӣ аз 7 март то 22 октябри соли 2013 ширкати “ТоҷикЭйр” дар хатсайри Душанбе-Боку-Душанбе ҳафтае як маротиба парвоз анҷом медод, вале бинобар сабаби ворид шудани зарари молӣ ба буҷаи ин ширкат парвозҳо дар ин хатсайр мутаваққиф шуданд. Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст: “Бо назардошти мавҷуд будани имконоти васеъи ҳамлу нақли ҳавоии Озарбойҷон ва паркҳои зиёди ҳавопаймоҳо, ҷониби мо ба тарафи Озарбойҷон пешниҳод менамояд, ки масъалаи дубора барқарор намудани хатсайри ҳавоии Боку-Душанбе-Бокуро аз ҳисоби ширкатҳои ҳавоии озарбойҷонӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор диҳад”.

Ба гуфтаи манбаъ, Илҳом Алиев ҳам ифтитоҳи хатсайри ҳавоиро барои боз ҳам наздикшавии миллти тоҷику озарӣ муҳим арзёбӣ карда, иброз доштааст, “миллатҳои мо аз умқи таърих бо якдигар дар ҳамаи арсаҳо равобити неку ҳасана доштанд, вале ташкили марзҳо ба сатҳи ин равобит латма ворид намуд. Аммо миллатҳои мо, ки муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва таҷрибаи ҳамзистиро доранд, метавонанд барои тақвияти муносиботи тарафайн дар ҳамаи соҳаҳо талош намоянд”.

Ба дунбол, ӯ ба ҳукумати кишвараш дастур додааст, ҷиҳати ҳалли ин масъала тадбир бияндешанд.
Мӯҳр
в
Раиси парламент бо авиация чи кор дорад? Чи ягон масъалаи мухимтаре набуд ки барраси намоянд? Як дафъа хатсайри Душанбе - Боку кушоданд. Касе на аз ин тараф на аз он тараф парвоз накард, хатсайрро бастанд. Чи лозим аст бори дигар ин масъаларо бардоштан?

Бехтарин хабари хуш. Бар падарат хазорхо рахмат акои Шукурчон Зухуров. Набояд фаромуш кард, ки озарбойчон роххои обии бандари дорад. Мо бояд ин масъаларо аз нигохи манфиати давлати худамон бинем. Заводхои мо ашёи хомашонро аз Ганча ва сумгаити озарбойчон мегиранд. ин хатсайри хавои барои бехбудии иктисодии точикистон мисли обу хаво зарур аст. бори дигар ташаккур Акои Шукурчон.

п
маруф,

Озарбойчон дар лаби бахри Каспий аст, ки бо укенуси чахони пайваста нест. Яъне ки борро танхо аз як сохили бахр ба сохили дигараш кашонидан мумкин аст. Ашеи хомро бошад касе бо хавопаймо намекашонад. Аввал андеша кун, баъд гуфтор.

Байни Точикимтону Азррбайджан аз соле,ки худо ин ду миллатро халк кардааст рафтуомад нест!!! Чи лозим аст ин парвозхо ?? Ягон точик ба Боку Намеравад. Бехтараш ба полшаву финляднияву кореяи чануби хатсайр кушоед.
У сара дар кучо листи кардед,ки намедонед байни точикону азерхо рафтуомад, додугиоифт хаст ё на!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)