Бахшҳо
29 сен 2016 11:56Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Мақоми 3-юми Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи гаронии андоз

Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ бо пахши як гузориш Тоҷикистонро миёни 25 кишвари ҷаҳон, ки андози баландтарин доранд, дар мақоми 3-юм қарор додааст.

Тибқи ин гузориш сатҳи андоз дар Тоҷикистон 81,8 фоизро ташкил медиҳад, ки ҳамроҳ бо Аргентина (137,4%) ва Боливия (83,7) пешсафи раддабандӣ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар раддабандии соли гузашта низ, ки аз сӯи “Total Tax Rate” дар заминаи сарбории андоз ба соҳибкорон нашр шуда буд, миёни 189 давлати дунё дар ҷойи 172-юм қарор гирифта буд. “Total Tax Rate” меъёри андоз дар Тоҷикистонро 81,8 фоиз нишон дода буд, ки бадтарин нишондод миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ мебошад.
Мӯҳр
тарзан
андозбандия кам кардан даркор аккалан то кризис томом шудана.охиста хамааш нагз мешавад.Рахмат ба сохибкорон,ки токат мекунанд

Хеч гап не, мо мардуми "ТАВОНОЕМ!,ШУКРОНА МЕГУЕМ! (Мутаассифона на ба Худованд, балки ба Пешвои миллат)". Сабил монад, хамин "КРИЗИС" намешуд, мо кайхо аз Аргентина хам мегузаштем!!! Охир аз хама чиз андози миёншикан мепардозем, на дар хамачо об дорему нархашро аз мо гуё дар Дубай расонида мешуда бошад, гирифта мешавад. Бечора таксихоямонро бошад аввалан кормандони БДА (бо чаримахои баробари маоши худашон) то бурдаи охирини нони дахони кудакони хамон таксистхомеситонанду катраи охирини хунашонро "Шахри пурхатар"мемакад. Акнун аз монополияи ширкати "Фароз" дар лойчамъкунии "права"-дихй ва "техосмотр" хеччиз намегуям.Майлаш, монед хамон дорандахо акалан дар кризис каме рохат кунанд, мо сагерахои бечора зери зулм то инвакта намурдем, акнун кардаем.

Виркан
Шарм доред, ин андоз не ин горати мардум аст. Агари ин кадар андоз ситонед кани пешравихо, ин кадар валвалаву даъво хамааш ба пули мардум ва ба замми ин чи кадар аз нуги он медузданд. Бояд тахкик гузаронида шавад, ки ин кадар андоз ба кучо бо кадом тартиб харч шудааст.

Файзали
Барои хамин андозхои баланд ,ман сохибкориро дар точикистон катъ кардам. Дар Точикистон андозхо бисёр хам баланд хастанд,кор кардан бисер хам мушкил мебошад.

Боз ба зими андоз доляро хамрох кунед. Мо барои инхо то имруз кор кардем, акнун харчи бодо бод дигар кор намекунему бе дарди сар мегардем. Фардо рузи киёмат ин хамаро чи хел чавоб мегуед?

Шахбоз
Наход мо чои 3-юмро ишгол кунем. Магар зурамон ба чои 1- ум нарасид? Миёнро махкам баста кушиш кунед дар солхои оянда чои 1-ум насибамон шавад. Хохиш мекунем аз ОЗОДАГОН давлатхое ки андозашон паст аст, номашонро нанависед ки мардум гурехта мераванд дигар дар Точикистони азизамон одам намемонад. (Шармандаги аз ин зиёд намешавад, халк кашок андоз тиллои).

Медали биринчи низ бад нест. Аммо барои медали тилло мубориза бурд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)