Бахшҳо

Human Rights Watch эътирози ҷавононро “нишонаи ҳимояти расмӣ” хонд

Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch бо пахши як изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, мавриди ҳамла қарор гирифтани наздикони мухолифинро сареҳан маҳкум ва таҳқиқ кунад.

Кеннет Рот, раиси иҷроияи Дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст: “Ин як танзи талх аст, ки амали як кас барои дифоъ аз озодии баён дар конфронси байналмилалӣ мунҷар ба хушунат алайҳи наздикони ӯ мешавад. Ҳамоҳангсозии ин ҳамлаҳои ҳамзамон дар якчанд шаҳр нишонаи ҳимояти расмӣ аст, чун мақомот дар мутавақиф ва маҳкум кардани онҳо кутоҳӣ мекунанд”.

Дар пайи иштироки фаъолони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти САҲА оид ба ҳуқуқи инсон дар Варшава, садҳо ҷавон бо нишони эътироз назди дафтари САҲА дар Душанбе ва манзилҳои фаъолони ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ рафта, аксҳои мухолифинро оташ задаву ба дару деворҳо сангу тухм партоб карданд.

Дар изҳороти Дидбони ҳуқуқи башар, ки чоршанбеи 28 сентябр аз Варшава нашр шудааст, инчунин даъват мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон “иқдомотеро барои ҷилавгирӣ аз озору азияти онлайнии пажуҳишгари Дидбони ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна роҳандозӣ кунанд”. Гузоришгарон навиштаанд, 22 сентябр дар саҳифаҳои Фейсбук карикатураҳои Стив Свердлов пайдо шуда буд. Афзун бар ин, “рӯзҳои 23 ва 24 хабаргузории давлатии “Ховар” чандин мақоларо алайҳи Свердлов нашр кард ва ӯро дар пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам намуд”.

Кеннет Рот дар идома гуфтааст, бо ин ҳамлаҳои сохта талош мекунанд, созмони моро хомӯш кунанд, чун мо хушунатҳои ҷиддиеро ба намоиш гузоштем: “Пиарҳои ҳукумати Тоҷикистон аз тариқи ҳамла кардан ба паёмрасонҳо дур нахоҳанд рафт, балки тааҳҳудҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон имзо кардааст, бояд анҷом шаванд. Озод кардани мунтақидони зиндонии ҳукумат шомили онҳо мебошанд. Ба андозаи кофӣ бад аст, ки Тоҷикистон мунтақидони худашро зиндон мекунад, вале ҳоло ба ёварон САҲА низ ҳамла мекунад. Аъзои САҲА бояд ба ин тавҳини ошкорои озодии баён поён бидиҳанд”.

Пеш аз ин ҳам Дидбони ҳуқуқи башар ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж бо пахши як изҳорот гуфтанд, ниҳодҳои ҳукуматӣ ва байниҳукуматӣ бояд буҳрони бадтар шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро маҳкум кунанд. Дар изҳороти муштараки ин ду созмон азҷумла гуфта шуда буд: “Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои аъзо, ҳамчунин кишварҳои узви САҲА бояд барои набуди ислоҳот таҳримҳои ҳадафманд ҷорӣ кунанд”.
Мӯҳр
Мавлави Абдурахмон
Ин хоинони миллат факат барои манфиат истифода мешаванд ва хочагони хоричии онхо Додочони А, М. Кабири ва дигару дигарро ба мисли аркестр истифода намуда ташкилотхои хоричи аз паси онхо рафта дрижёр мегарданд. Ман хамчун шахрванди одии Точикистон ба М. Кабири чунин гуфтаниям:
Ватани ту, Ватани манфиат аст,
Чамани ту, чамани манфиат аст,
Сухани ту, сухани манфиат аст,
Ҷони ту дар бадани манфиат аст!


Ҳамадон
Аз даъват ягон фоида мешад ми?
Хубаш траншҳои МВФ барои бюҷетро бандед. Мебинед чӣ мешавад.

Нусратако Шамолов
Ман гушкунетон мардуми Точикистон ба ин гуна дасисахо бовар накунед ва фирефтаи онхо нашаведтон инхоро вичдонашон не корашон манфиат асту холос!

Масонхочаев
Бовар кунед ман хайрони чунин фарзандони миллати худ мешава, ки чи гуна ин фирефтахои пасипардагиро бовар мекунан на фикри зану фарзнд на фикри ватани азизи худро мекунанд, сад хайфи чунин чавонмардон!

Шохои дарахтро сарнагун мебинам,
Ин фитнагарю дасиса зи берун мебинам!
Сад хайфи чунин фарзанди миллат,
Хамшусти чаловро зи собун мебинам!
Ба кадри як майда нону оби миллат расед бародарон!


ОВОЗ БАЛАНД, вале бемантиқу ғаразнок.Мавлави Абдурахмон,

исматако туфонов
Нусратако Шамолов,
Хта акы як одами олиму окилу донишманди бад нагир нустатако!!! Гушкунетон гуфта ба тамоми чумхури хитоб карда гуё ягон мнистр боши .
Инчо ягон дасиса нест.

Дониш
Кирдорхои ин хиёнаткоронро танхо миллату давлати точик медонад. Нисбати миллати точик ва давлати точикон гунохи нобахшидани кардаанд ва тохол идома дода истодаанд, ки ин кирдорхои онхо бар зарари худи онхост.
Бори кач ба манзил намерасад!!!!

Мавлави Абдурахмон,
Мавлави рухан бемори бахыдо!!!!
Як назди равоншиносу калбшинос ва духтури чашм рав чун хар се аз ин узвхои шумо дар холи шахкудану мурдан аст!!!

Кулобии мухочир
Офарин ба шумо озодихощон! Ба пеш!
Баъзеҳоро зуршон омаду даррав хоҷагони хориҷӣ мегуянд. Шумо якбор худатон ба худатон нигоҳ кунед! Гранҳоро аз хориҷа шумо мегиред, шумо аз кишварҳои арабу эрон барои ину вай гуфта ба номи халқ ба номи ҳукумат пула мегиред. Бад ҳамин як кас бар зидди шумо якта гапа гуфт даррав хоҷаи хориҷи дорад мегуед!

Диловар
Ин кирдорхои хиёнаткорон то ба кай идома меёбад. Хиёнати шумоёнро давлат не балки халки точик намебахшад.............

Хаммаи назархои навиштаро хонда ба чунин хулоса омадам, ки ё ин касоне ки ин назархоро навиштаанд ё худ шахсони ваколатдори хукуматанд, ё онхо мардуми бесавод ва окибмондаи милат хастанд. Бародароон ракобат боиси пешравии чамъият мегардад. Холон ки давлати мо системаи тоталитори ва диктатори мебошад ва у аз аввал то имруз хатохои бисёре кардааст. Хатохои у аз кабили хешу таборбози, махалбози, монополия ва дигар корхо мебошад. Охир хатои у ин мубориза бар мукобили равшвнфикрону дигарандешон ва ахли оилахои онхо мебошанд, ки ин холат икдоми номардонаро нишон медихад. Хочахои хоричи дар мода даромадааст. Агар дар хоки точики афродеро рох надиханд онхо албата ба хорич рафта аз ончо мубориза мебаранд. Бас куне сухбатхои чохилонаро ва сафедро сафеду сиёхро сиёх гуед.......

Мавлави Абдурахмон
исматако туфонов,
Мара мавлави меган ма на илюзияйм на шизофреник барои ки ма мадрасаи Покистон тамом кадагийм барои хами хавотир нашаве бародарони азизи ман!

исматако туфонов,
Ма пайрави хаму мардаки Гармийм ки барои мухочирои точик дар ш. Москва суруд мехона акаи Сухроб!

Сафарали
Мурочиат ба ташкилотхо, ки мардуми шарифи Точикистон шарро аз хайр хуб дарк мекунанд худро ташвиш надихед, проблемахои шумо зиёд рафта хамонхоро хал кунед.!

Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,
Қиммати санг наафзояду зар кам нашавад.

Марди Худо
Бояд дигар байни точикон мухолифин ва хукумат набошад ва мо точикон бояд бародарона зиндаги кунем. Зеро ин созмонхо ба манфиати ягон тараф кор намекунанд бародарон!! Хамин созмони ХУКУКИ БАШАР Ё САХА кани рафта хукуки мардуми Азияткашидаи СУРИЯ, АФГОНИСТОН, ЛИБИЯ, АФРИКА ВА садхо мамолики дигарро химоя кунад намешавад. Дар Сурия мардуми бегунохро бомбаборон карда куштаистодаанд. Дар Африка мардум аз беоби азобкашида чон дода мурдаистодаанд, чаро рафта садо баланд намекунад. Барои 3 нафар, ки бо гунохи тероризм ва хиёнат ба ватан хабс шудаанд талош мекунад. Журналистхо хамин тахлилхоро ба забони руси ва англиси пешниходи Хамун САХА кунед. ???????????????

хеч ба акли солим рост намеояд,ки чавонони мо то индарачая Л.Х шуда бошад охир ин кори мардона нест ин чавонон симои мардона дорад аммо дар асл тухми зан аст барои хамин онхоро "ТУХМЗАНХО"мегуянд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)