Хабари ҳалокати се зодаи Тоҷикистон дар пайи задухӯрди неруҳои афғон бо ҷангиён
27 сентябр дар музофоти Бадахшони Афғонистон 8 ҷангҷӯ, зодагони Осиёи Марказӣ кушта шудаанд.
Ғулом Сахӣ Ғафурӣ, сардори пулиси ин музофот ба расонаҳо гуфтааст, садҳо ошӯбгар, ки миёнашон шаҳрвандони хориҷӣ зиёд будаанд ба ба маҳалли Ҷурм ҳамла кардаанд. Неруҳои амниятии Афғонистон ба ин ҳамла муқобилият нишон додааст: “Миёни ҳамлагарон зодагони Узбакистон ва Тоҷикистон ҳам будаанд”.
Ба гуфтаи Ғафурӣ, дар пайи задухӯрд се зодаи Тоҷикистон ва панҷ зодаи Узбакистон маҳв шудаанд: “9 ошӯбгари дигар ҷароҳат бардошта, 4 тани дигарро неруҳои афғон дастгир намудаанд”.
Пулиси музофоти Бадахшони Афғонистон гуфтааст, неруҳои амниятӣ талош доранд, маҳаллаҳои Вардуҷ ва Ямгонро аз ҷангиёни “Толибон” “тоза” кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |