Ҳушдори Раҳнамо ба Чину Русия: Тоҷикистон сарҳади суботу бесуботист

Абдуллоҳ Раҳнамо, сардори раёсати таҳлили сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон гуфтааст кишвари мо дар сафи пеши мубориза бо экстримизм ва терроризми байналхалқӣ қарор дорад.
Ӯ ин нуктаро 27-уми сентябр дар нишасти марказҳои фикрии кишварҳои ҳавзаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, дар шаҳри Пекин, пойтахти Чин изҳор доштааст. Абдуллоҳ Раҳнамо бо ишора ба мавқеи ҷуғрофӣ ва сиёсати ҳадафманди Тоҷикистон марзи онро “сарҳади байни суботу бесуботӣ ва марзи байни амнияту ноамнӣ барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ” унвон кардааст.
Ба таъкиди Абдуллоҳи Раҳнамо, “агар тафаккури ифротгароӣ, ҷаҳонбинии тунди идеологӣ ва неруҳои терроризми байналхалқӣ аз ин марз гузаранд, мавҷи ифроту бесуботӣ ба осонӣ то умқи Русияву Чин паҳн хоҳад шуд ва тамоми минтақаро ба як муҳити буҳронӣ табдил хоҳад кард”.
Ин коршинос ва корманди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон афзудааст, ки марзи давлатии Тоҷикистон аҳамияти сиёсӣ, амниятӣ, таърихӣ, тамаддунӣ ва идеологӣ дорад ва аз ин рӯ лозим донистааст, ки “он бояд аз ҷониби кишварҳои минтақа дуруст дарк шавад”.
Ин таъкиду ҳушдори Абдуллоҳ Раҳнамо дар ҳолест, ки ахиран ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистон аз Чин кӯмак хост. Дар посух ҳукумати Чин тасмим гирифтааст, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дидбонгоҳҳои низомӣ бунёд кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |