Муҳофизони муҷассамаи Исмоили Сомонӣ: Мо пул талаб накардем
Милисаҳои муҳофизи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки аз ҷониби рӯзноманигорони қазоқ дар тамаъкорӣ муттаҳам шуданд, зимни бозпурсӣ изҳор доштаанд, ки аз касе пул талаб накардаанд.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 28-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, кормандони мазкур бо далели вайрон намудани интизоми хидматӣ аз кор ронда шуданд: “Аммо зимни бозпурсӣ онҳо тамаъкорӣ ва талаб кардани пул аз шаҳрвандони Қазоқистонро рад карданд. Айни ҳол шаҳрвандони Қазоқистон, ки ин иддаоро дар миён гузоштаанд, кишвари моро тарк кардаанд ва имкони бозпурсияшон нест. Таҳқиқи ин қазия идома дорад”.
Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, феълан ду милиса, ки корманди шуъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ буданд, аз кор озод шуданд: “Инчунин сардорашон танбеҳ гирифт. Корҳои фаҳмондаҳӣ миёни кормандони милиса дар мавриди муносибат бо шаҳрвандон ҷараён дорад”.
Таҳқиқи рафтори милисаҳо тоҷик дар маркази Душанбе баъди навиштаи Бақитҷон Буқарбой, рӯзноманигори қазоқ сурат гирифт, ки аз пулталабии милисаҳои назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ шикоят кард. Ӯ амали кормандони милисаро, ки бо баҳонаи “имрӯз мавлуд дорам”, пул талаб кардаанд, ба “гадоӣ”-и ҷугиҳо монанд кардааст. Буқарбой навиштааст талабандагии кормандони милиса дар майдони марказии шаҳри Душанбе ӯ ва ҳамроҳонашро дар ҳолати “шок” гузоштааст.
Зери навиштаи Буқарбой дар саҳифааш тули се рӯз бештар аз 400 нафар лайк гузошта, 241 шарҳ навиштаанд. Бархе аз шарҳнависон навиштаи муаллифро тасдиқ карда, рафтори милисаро шармовар хондаанд. Иддаи дигари корбарон гуфтаанд, журналисти қазоқ муболиға карда, бо ғарази шахсӣ матлабро навиштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |