Президент дар Дарвоз: Аз ифтитоҳи “Карон-Арена” то дастури раҳоии Сағирдашт аз бунбаст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 28-уми сентябр дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи “Карон-Арена”-ро барои 400 ҷойи нишаст расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон варзишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои Фонди “Муаллими кӯҳистон” бо харҷи 900 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 300 метри мураббаъ, бунёд карда шуд.
Ба иттилои манбаъ дар шафати Варзишгоҳи “Карон-Арена” дар пояи 20 метрӣ парчами дарозиаш 5 метр ва бараш 2 метр афрохта шуд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашт бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 бо 450 ҷойи нишаст дар як баст оғоз бахшид: “Арзиши лоиҳаи мазкур 13 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.
Дар пайи ин раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сокинони ҷамоат мулоқот карда, соҳаи чорводориро дар ин мавзеъ ояндадор хондааст. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани корхонаи хурди коркарди пӯсту мӯина дар оянда метавонад ба масъалаи таъмин кардани аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ мусоидат намояд.
Ӯ инчунин бо зикри он, ки дар фасли зимистон роҳи мошингарди Ҷамоати деҳоти “Сағирдашт” ба маркази ноҳия тавассути ағбаи Хобуробод ба муҳлати шаш моҳ баста мешавад, ба масъулин барои намудани техникаву таҷҳизоти роҳсозӣ дастур додааст: “Вазорати нақлиёти кишварро вазифадор карданд, ки ҷиҳати бунёди шоҳроҳи Душанбе – Тавилдара – Қалъаи Хумб тавассути маркази деҳоти Сағирдашт пешниҳодҳои асоснок манзур намоянд”.
Зимни суханронӣ раисиҷумҳур роҳбарони Вазорати маориф ва дигар сохтору мақомотро муваззаф намудааст, ки шумораи Квотаи президентиро барои фарзандони сокинони деҳоти Сағирдашт боз ҳам зиёд намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |