Гузориши аксӣ аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Рашт (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27-уми сентябр дар доираи сафари корияш ба ноҳияи Рашт осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ, бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳия ва маҷмааи варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро ба истифода дод. Ӯ инчунин бо дастоварди кишоварзону чорводорон шинос шуда, аз боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” боздид кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи байни ноҳияи Нуробод ва Рашт супориш додааст, ки дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дар майдони 40 гектар ва дар ҳудуди ноҳияи Рашт 30 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд: “Барои хубу бегазанд нигоҳ доштани ҳосили боғ барои 5 ҳазор тонна сардхона бунёд карда шавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |